Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Рафиқ лейтенант, – ба Осмухин муроҷиат кард полковник, – шумо бо ротаи худ ба ихтиёри полки майор Максимов меравед.
– Хуб, рафиқ полковник.
– Хайр, муваффақият ёратон бошад, то дидан. – Полковник бо Осмухин ва командирони худ хайрухуш карду ба берун баромад. Аз паси ӯ Максимов ва Харламов ҳам баромаданд. Командирони полк барои аз ихтиёри Осмухин гирифтани ротаҳо одамони худро ба вай ҳамроҳ карда, худашон ба хатти пеш роҳ гирифтанд.


– Ана, ба хатти пеш ҳам расидем, акнун ин тарафаш чӣ мешуда бошад, – гӯён Дадабой ба Нозири камаровӣ, ки дар шафати вай ба сангар дароз кашида буд, муроҷиат кард.
– Акнун ҳамон даҳанкалониҳоро, ки дар Сталинобод карда будӣ, дар амал нишон медиҳӣ, бачамард, – ҷавоб дод Нозир.
– Хуб шудааст, – гуфт Дадабой бо калонгирӣ остинашро барзада, – канӣ ягонтаи ҳамон немис инсӯтар биёяд, ман бинам!
Ҳаво абр буд. Дамидани субҳ он қадар маълум намешуд. Тӯпу туфангпаррониҳо чандон дар авҷ набуданд. Танҳо аз даромадгоҳи чакалакзори калон, ки дар байни он ва мавқеи мо як сой мегузашт, ҳар замон садои тирандозии пулемёти станокӣ шунида мешуд, ки овози вай ба табли таранг монандӣ дошт. Он ҷо мавқеи немисҳо буд. Немисҳо се-чор рӯз ин ҷониб аз ҳамон сӯ болои ҳам ба ҳамла гузашта, мехостанд хатти мудофиавии моро рахна карда пеш раванд.
Дивизияи полковник Людников дирӯз вазифадор карда шуда буд, ки пас аз бо қувваи нав пур кардани ҷузвитомҳо, на танҳо мавқеи худро мудофиа кунад, балки инчунин немисҳоро аз маҳалли ишғолкардаашон зада дур андозад.
Ҳангоме ки аввалин аломатҳои ба ҳуҷумгузарии ҷузвитомҳои мо – тӯпу миномётпаррониҳо акнун сар шуда буданд, баъзе ҷанговарони нав ба ҷанг омада беихтиёр ба тарсу ваҳм афтода, ҳар кас ба таври худ паноҳгоҳе меҷуст.

пешина
аз 333
навбатӣ