Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Як кас ба як кунҷи сангар лӯнда шуда нишинад, дигаре сарашро ба ягон чуқурӣ хаста, аз миён поёнашро дӯнг карда, гӯё бо ҳамин худро аз хатар халос кардагӣ мешуморид, сеюмӣ дар заминкан дуқад нишаста, бо ду дасташ гӯшашро маҳкам мекарду сар аз мобайни ду зону намебардошт...
– Ин чӣ масхарабозӣ? – бо ҷаҳл садо баровард Осмухин, ки аз заминкану сангарҳо гузашта омада, вазъияти ҷузвитоми худро месанҷид. Он ҷанговароне, ки аз тарс дар ҳар гуна вазъият менишастанд, аз ҷояшон ҷунбиданӣ бошанд ҳам, ваҳм онҳоро ба замин зер карда, аз ҷо ҷунбиданӣ намемонд.
– Ҳоло шумо, тоҷикписарон, дар майдони ҷанг магар худро ҳамин хел намоиш доданӣ ҳастед? – илова кард Сафар аз қафои Осмухин омада.
Аввало Дадабой, ки аз онҳо дуртар тани худро дар камари сангари худ ҷафс карда менишаст, милтиқашро аз хандақ гирифта, ҳушёр истод. Гарчанд нишасти вай он қадар таънарасанда набошад ҳам, аз сухани Сафар мутаассир шуд. Баъд аз Дадабой ду-се ҷанговари дигар ҳам, ки дар як сангар ба ҳамдигар ҷафс шуда менишастанд, яке аз қафои дигар аз ҷояшон ҷунбиданд.
– Мамараҷаб канӣ? – пурсид Сафар аз Нозир.
– Дар окопи чорум буд.
– Ӯро аз он ҷо наёфтанд.
– Боз хайру маъзурро нася карда, шабона ба он тараф меҳмон нашуда бошад? – Дадабой
– Ин корро ҳамон кас мекунад, ки ору номус надорад, – ҷавоб дод Нозир. Сафар ҳамдеҳаи худ Қурбонро барои кофтуков ба сангару заминканҳои дигар фиристод. Худаш дар пеши Осмухин аз хиҷолат чӣ кор кардан ва чӣ гуфтанро надониста хомӯш меистод.
– Аз ибтидои кор аҳвол ҳамин бошад, дертар чӣ мешавад.
Ҷавобан ба ин гапи Осмухин Нозир бо оҳанги орият гуфт:
– Рафиқ сержант, ба рафиқ лейтенант бигӯй, ки ин тарсу ваҳмҳо муваққатист. Ду-се бор чашмонамон дида, гӯшҳоямон шунида одат кунад, ана баъд ҷангиданро аз мо бинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё