Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ӯҳ, кори даҳбоширо кард... – бо алам гуфт Дадабой нимхез шуда ва ҳамон дам баргашта ба замин часпид.
– Ку? – пурсид Нозир ва беихтиёр акнун сар бардоштанӣ буд, ки се-чор тир дар пеши чашми ӯ чанги заминро ба ҳаво бардошта ва як тир рост теппаи кулоҳхӯди ӯро харошида гузашт. Аз зарбаи ин тир кулаҳхӯди Нозир ба ақиби сараш афтод. – Ӯҳ, ноумед, каллаамро сӯрох кард, – гӯён Нозири рангу қуташ паридагӣ беихтиёр ба сараш даст бурд. Боз оташи пулемёт авҷ гирифт. Нозир дарҳол аз безарар мондани худ як шодии беинтиҳои дохилӣ пайдо карда, ба се-чор қадам чаптар, ба паси як хоктӯда ғелид.
Ҳама дар ҳамин аҳвол садо набароварда, аз ҷояшон наҷунбида мехобиданд. Гарчанде ки аз қафо ду пулемёти рота кор мекард, вале оташи пулемёти немисҳо имкони сар бардоштан намедод. Ҳамин тавр, ҳамлаи якум барор нагирифт. Ҷанговарони Осмухин як қисмашон пештар, як қисмашон қафотар дароз кашида, на пеш мерафтанд ва на қафо мегаштанд. Мамараҷаб бошад, дар ҷои дарозкашидааш сарашро ба замин ҷафс карда, пичир – пичиркунон аз афташ ким-чӣ дуою оятҳо мехонд.
Ин вазъияти тангро якбора болои ҳам тирхоликунии тӯпе, ки садои он аз қарибиҳои хурӯҷгоҳ ба гӯш мерасид, сабук кард. Баробари рӯ ба рӯ, ба заминканҳои немисҳо афтода таркидани гулӯлаҳо, пулемёти душман ҳам дигар садо набароварда монд. Тӯпи аз қафо оташфишонанда оташи худро ба паҳлӯи чап гузаронда буд, ки аз қафотари ҷанговарони отделенияи Сафар касе синаашро ба пеш дода, дар дасташ туфангча баланд садо бароварда медавид:
– Рафиқон, ҳамватанон, барои Ватан, барои халқамон, ба пеш!
Аз паси ин даъвати ӯ аз чапу рост ва аз мобайн «урра»-и ҷарангосӣ баланд шуда, майдоне, ки аз ин якчанд дақиқа пештар дар он нишонаи касе дида намешуд, аз одам пур шуд. Баъзеи онҳо рост, баъзеашон нимхез ба пеш медавиданд. Вақте ки марди дар

пешина
аз 333
навбатӣ