Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
даст туфангча аз мобайни отделенияи Сафар ҳафтҳашт қадам пештар рафт, якбора аз паҳлӯи чапи ӯ:
«Тоҷикписарон! Барои шарафу озодиамон ба пеш!»
гӯён Сафар ҳам аз ҷояш ҷаҳида хеста ба пеш тохт; ногаҳон аз замин қомат рост кардани Сафар, ки навакак ҷанговарон ӯро ҳалокшуда гумон карда буданд, шиддати ҳамлаи ҷузвитомро тез кард.
– Э, мурӣ ҳам, ҳеҷ набошад, як немисро кушта мур, охир! – гӯён Дадабой Мамараҷабро ба пеш тела медод, ки вай гоҳ ба қафои ҳамроҳи худ, гоҳ ба қафои Нозир панаҳ шуда медавид.
Онҳо ба мавқеи немисҳо нарасида, аз заминкан аскарони немис ҷаҳида мебаромаданд. Ҷанги рӯ ба рӯ авҷ гирифт. Сафар аз рӯи таълими Осмухин немисҳои рӯ ба рӯ омадаро бо оташи автомати худ мехобонд.
Дадабой бошад, бо авҷ аз ҳама пештар рафта ба ду немиси аз пеш баромада вохӯрд. Вай бо суръати давидан рост ба синаи немиси якум найза халонда буд, ки немиси дуюм ба Дадабой автомат рост кард. Дадабой аз ҳавли ҷон як дасташро аз милтиқи худаш канда, бо чаққонӣ мили автомати немиси дуюмро маҳкам дошта ба замин хам кард. Немис бо тамоми қувва автоматро кашида гирифта, боз ба Дадабой рост кард. Дадабой ҳамон сония ду дасташро ҳам аз милтиқаш холӣ карду худашро чапғалат дода, ҷаҳида немисро маҳкам ба оғӯш гирифт. Немис ҳарчанд гирд хӯрда, тир холӣ кунад ҳам, тирҳои ӯ ё ба замин, ё ба ҳаво мепариданд.
Дар ҳамин вазъият Дадабой бо тамоми қувва пои немисро аз замин канду бо зарби сахт сарнагун ба заминкан партофт ва дарҳол милтиқи худро ба даст гирифта, ба сари немисе, ки мехост аз заминкан барояд, бо қундоқ зада, ӯро нимҷон кард.Баъд аз ҳамин, Дадабой ба гирду атрофи худ чашм давонда, аз рафиқонаш касеро надид. Ҷанг ба он сӯи заминкан гузашта буд.
Дадабой аз заминкан ҷаҳида, ба ҳамон тараф давид.
Вай ба ин ҷо нарасида, аз худаш даҳ-понздаҳ қадам дуртар Мамараҷабро дид. Вай дар даст милтиқ тир андохта медавид ва аз паҳлӯи рости вай як немиси хунолуд корди дудама дар даст аз қафо ба Мамараҷаб ҳамла карданӣ мешуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё