Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Саҳрои васеи Дон. Офтоби саратон заминро оташвор метасфонад. На фақат одам, балки паррандаҳо низ аз гармии ҳаво беҳол шудаанд. Боди аз шимол вазанда ҳам ба рӯи одам ҳаври танӯр барин мерасад.
Ангори гандум ва ҷавдор қариб тамоми саҳроро фаро гирифтаанд ва аз боди андак ба ҷунбиш омада, мисли тилло барқ мезананд. Работу қӯрғонҳои хурду калон дар ҳар ҷо – ҳар ҷои саҳрои васеъ ба назар мисли қалъаи посбонӣ менамуданд.
Fайр аз он ки аз мобайну канори заминҳои корам ду роҳи ҳамвори мошингард мегузашт, дар ин рӯзҳо аз байни киштзорҳо низ боз ду-се роҳи нави пиёдаву саворагард кушода шуда буд, ки яки он ба тарафи ҷануби шарқӣ, дигараш рост ба шарқ, сеюминаш ба самти шимоли шарқӣ нигоҳ карда мерафт.
Ҳам роҳҳои асосӣ ва ҳам роҳҳои нав кушодашудаи ин саҳрои зархези Дон дар ин солҳою моҳҳои наздик ин қадар серҳаракату серодам нашуда буд, чуноне ки дар ин рӯзҳои аввали фасли тобистони соли 1942 дида мешуд. Аз роҳҳои асосии васеи ҳамвор пайи ҳамдигар автомошинҳои чорчарха ва шашчархаи боркаш, ки ба ақибашон тӯп пайваст карда, болои онро бо брезент пӯшонда буданд, мошинҳои сабукрави гуногун, гурӯҳгурӯҳ одамони яроқнок, аробаҳои чорчархаи пурбор ва ошхонаҳои сафарии аскарӣ аз шарқ ба ғарб ва аз ғарб ба шарқ ҳаракат мекарданд. Аз роҳҳои нав кушодашуда бошад, марду занҳо, духтару писарбачагон, баъзеашон савори аробаҳои чорчарха, дигарашон пиёда дар дасту китфҳояшон борхалтаҳо хомӯш ба самти шарқи ҷанубӣ нигоҳ карда меомаданд. Аз як роҳи дигар, ки ба тарафи ҷануби шарқӣ бармегашт, чӯпонҳо галаю рамаҳои гову гӯсола, бузу бузғолаҳоро аз ғарб пеш карда меомаданд.
Он чангу гардҳое, ки аз ин роҳҳо гоҳ ғафс, гоҳ тунук шуда ба ҳаво бардошта мешуданд, хеле вақт рӯи осмонро тира месохтанд.

пешина
аз 333
навбатӣ