Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Аз дур якзайл ғулғулаи тӯппарониҳо ба гӯш расида, ин ғулғуларо гоҳо садои ғурриши ҳавопаймоҳои дам ба ғарб, дам ба шарқ парвозкунанда пахш мекард.
Ҳамаи ин манзара дар пеши чашмони Сафар Одинаев, ки баробари ҳамаи ҳайати шахсии дивизияи полковник Людников аламу азобҳои аз остонаҳои Ростов сар карда ақиб нишастанро мекашид, як-як намоён мешуданд ва дар дили вай низ мисли ҳамин роҳҳои нав, ки аз мобайни киштзорҳо кушода шудаанд, изи амиқ мегузоштанд.
Лейтенант Осмухин дар гарданаи теппаи гунбазшакл рост истода, бо дурбин ба чор атроф нигоҳ мекарду баъд ба рӯи харитаи топографие, ки дар болои планшетка паҳн карда шуда буд, ҳар гуна аломатҳо мегузошт. Дар нишебии шарқии теппа ҷанговарони вай роҳравҳои баробари қади одам ва барои пулемётҳо сангарҳою майдончаҳо месохтанд. Тарафи шимолии роҳравҳо то ба деҳае, ки қариб дар як километр дурӣ намудор буд, тарафи ҷанубии вай аз роҳи мшингард гузашта, ба даруни гандумзор морпеч шуда мерафт.
Осмухин, баъд аз ба харитаи маҳал кашида шудани хатти мудофиавии ротаи худ, ҳамроҳи роҳбари сиёсии рота Ванюшин ва фармондеҳи взводҳо ба отделенияи Сафар омада, ба сангаркании ҷанговарони ӯ нигоҳ карда истоду баъд ба аскарбачаи нисбат ба дигарон сертараддуди камкор, ки ба обу арақ ғӯтида буд, муроҷиат кард:
– Худи ангиштканҳо барин ба обу арақ ғӯтидию лекин замини кандагиат як оршин ҳам намебарояд...
Ҷанговар ним белча хокро ба канор партофта, аввал ба лейтенант Осмухин, баъд ба замину девори роҳрав нигоҳ кард.
– Торафт ба замини заранг вохӯрда истодаем, рафиқ лейтенант, ана худатон бинед, гӯё ки дами белча ба санг хӯрда бошад.
– Чаро азони дигарон ин хел не? – пурсид Осмухин ва ба сӯи дигар ҷанговароне, ки як қади одам роҳрав канда буданд, ишора кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё