Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Наход ба ҳамин аҳвол то остонаи хонаи худ равем, Наташа магар намегӯяд, ки «Ҳа, ҷанговар, чӣ хел раво дидӣ, ки немис то ба сари оилаат зер карда ояд, бо тӯпу туфангҳояш муғчаи вонашудаи ниҳоли зиндагиамон – Нинаи шашсоларо пажмурда созад?..»
– Дуруст аст, рафиқ Одинаев, – якбора бо садои пуризтироб гап зад Осмухин ва чашмонашро маънидорона ба самти шарқ дӯхт, – ин ба ҳар яки мо вобаста аст, ҳар кадомамон барои ин замине, ки моро хӯронда, пӯшонда ба воя расондааст, ҷавобгар ҳастем...
Давоми сухани Осмухинро ғурриши як гурӯҳ ҳавопаймоҳои бомбаандози мо, ки аз самти шимоли шарқӣ ба тарафи ҷануби ғарбии саҳрои Дон парвоз карда мегузашт, пахш кард. Ҳама ба осмон нигоҳ карда, баробар: «Лочинони мо» гӯён даст афшонданд...
– Ана, ба немисҳо хӯроки бегоҳӣ бурда истодаанд, – гуфт политрук Ванюшин кӯлоҳи хокистаррангашро дар болои сараш афшонда.
– Аз ҳамин хел «меҳмондориҳо» бисёртар шуда истад кор бад намешавад, – гуфт Осмухин давоми сухани политрукро гирифта.
– Аз ҳоло орзу дорам, ки ҳамин, ки ҷанг тамом шуд, барои гирифта омадани оилаам албатта бо ҳавопаймо хоҳам рафт.
Осмухин дар ҳамин ҷои сухани политрук Сафарро ҷеғ зад, ки вай дар саҳнаи махсус пулемёт мешинонд.
Сафар омад. Лейтенант ба ӯ фармуд, ки Дадабойро ба ин ҷо фиристад.
– Дар байни инҳо Ёрматов ном як ҷанговар ҳаст, вай аз ҳамон шаҳрест, ки оилаи шумо ба он ҷо кӯчонда шудааст.
Сафар зуд Дадабойро аз сари сангараш гирифта овард.
– Дадабой, ту ленинободӣ ҳастӣ?
– Ҳа, аз худи Ленинобод, рафиқ лейтенант.

пешина
аз 333
навбатӣ