Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Эҳ, рафиқ лейтенант, кошки ин ҷо марзи охирини мо мебуд, дар он сурат ба қади як хона бошад ҳам, чуқур мекофтам., – гуфт Қурбон аз паҳлӯи Мамараҷаб истода ва бо ин ӯ мехост фаҳмад, ки оё боз қафогардӣ мешуда бошад ё не.
– Дар майдони ҷанг кори аскар як дам ҳам истода монад, сангар канда худро паноҳ кардан аст, – ҷавоб дод Осмухин, – зарар надорад, барои мо имрӯз ин ҷо паноҳгоҳи муваққатӣ бошад, пагоҳ барои немисҳо гӯри торик мешавад...
Ба болои ҳамин гап Сафари сарулибосаш хоколуд пайдо шуда, ба Осмухин салом дод.
– Ҳа, Сафар, чӣ гапҳои тоза? – пурсид Осмухин ба саломи вай алек гирифта.
– Гапҳои тоза аз шумо, рафиқ лейтенант.
– Гапҳои тоза ҳамин, ки боз ҷанг мекунем, ҷанг...
– Ҷанг кунем, боз беҳтар. Ҳа гуфта қафогардӣ ҳам ба дил зад, рафиқ лейтенант.
– Чӣ илоҷ, кори мо фармони сардоронро иҷро кардан аст, рафиқ сержант. Умед мекунем, ки албатта ин рӯзҳо ҳам ба охир мерасанд. Аз хона мактуб гирифтӣ?
– пурсид дар охир марди қадпасти тануманд, ки дар паҳлуи Осмухин меистод.
– Не, рафиқ политрук.
– Худат мактуб навиштӣ? – пурсид Осмухин.
– Не, понздаҳ – бист рӯз мешавад, ки нанавиштаам.
– Чаро?
– Чӣ менависам, рафиқ лейтенант. Одам шарм мекунад. «Аз деҳа бо тантана баромада рафта, ҳунари нишон медодагиатон магар фақат ақибнишинӣ шуд?»
– гӯён таънадиҳии ҳамватанонро шунидан намехоҳам... – гуфт Сафар бо алам.
Осмухин ва командири взвод, ки дар паҳлӯи ӯ буданд, аз ин гапи Сафар табассум карданд. Осмухин хандаомез ба вай гуфт:
– Ту гумон мекунӣ, ки қафоравӣ танҳо ба ту вобаста аст?
– Охир ман ҳам яктои ҳазорҳо мешавам, рафиқ лейтенант, – ҷавоб дод Сафар.
Осмухин ба симои дурушти Сафар нигоҳ карда, деҳаи ӯ, модари меҳмоннавози вай, маҳбубааш Зебӣ, Юнусбобо ва ҳамон замини бо трактори СТЗ шудгоршуда, инчунин Сталинград, зану духтарчаи худро ба пеши назараш овард ва баробари ҳамин аз дил мегузаронд: «Рост аст, то кай ва то куҷо қафо мегардем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё