Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хӯш, Зебӣ муаллимаи мактаби мо, чӣ шудааст?
– Чӣ мешуд, нафаҳмида як номаъқулӣ карда будам.
Агар медонистам, ки оқибат дар мобайни ману ту ҳамин қадар хунукӣ меафтад, даҳан во намекардам.
Сафар ба чӣ ин қадар дар назди худ дамдузд, парешон ва ба ҳар як сухани вай бо шубҳа нигоҳ кардани Мамараҷаб акнун дурусттар пай бурд. Аммо худи Сафар ба ин гапҳои майда – чуйдаи гузашта эътиборе намедод ва ҳатто ба Зебӣ кас мондани Мамараҷабро қариб аз хотираш фаромӯш ҳам карда буд.
– Аввал ин ки ман хӯҷаин ё ҳокими Зебӣ нестам, Мамараҷаб, дуюм ҳам ин, ки ин гапҳои ба як пули сиёҳ наарзанда худи ҳамон вақтҳо дар Сталинобод фаромӯш шуда буданд. Агар ту гумонҳои беҳударо то ҳамин ҷо, ба майдони оташу тӯфони ҷанг дар дилат нигоҳ дошта омада, аз боиси ҳамин ба ман кина дошта бошӣ, аз худат гиламанд бош. Акнун, вақте ки айби худатро худат ошкор сохтӣ, ман аз дили софи дӯстӣ мегӯям, ки дар хизмат ва дар ҷангҳои гузашта ноӯҳдабароӣ кардани ту ҳам ана аз ҳамин сабаб будааст. Одамҳо ба чӣ мақсадҳо хун рехта истодаанду ту ба чӣ хаёлҳои бемаънӣ печ хӯрдаӣ? Ҳамин қадар гуноҳҳоро дар дилат бардошта гаштию дар вақташ ё бо амаки Мирбадал, ё бо ягон каси худат бовар мекардагии деҳа дуруст ё нодуруст будани онҳоро маслиҳат ҳам накардӣ?
– Ман маслиҳат накарда бошам ҳам, баъзе одамон худашон маслиҳат дода буданд...
– Масалан, чӣ маслиҳат дода буданд? Шояд гуфтаҳои маро гуфта бошанд?
Мамараҷаб аз он ки Сафар торафт бо вай бе ҳеҷ ғараз рӯшод гап мезад ва аз сабаби он ки муқаррар кардани ҳақиқат хеле зарур буд, дар дилаш чӣ гапе, ки дошт, гуфтан гирифт.
– Не баръакс. Агар қаҳрат наояд ва ин гап аз байни мо берун набарояд, мегӯям.
– Кӣ ва чӣ будани худамро ба ту гуфта доданам ҳоҷат нест. Худи ту бояд маро хуб шиносӣ.
– Мегӯянд, ки ту аз хостгор фиристодани ман ба Зебӣ ва ба аскарӣ баробари ту нарафтанам ба рашку хашм омада, ба комиссариати ҳарбӣ арз кардаӣ, ки зудтар маро ба ҷабҳа фиристанд.

пешина
аз 333
навбатӣ