Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ин гапи Мамараҷабро шунидан замон тамоми аъзои бадани Сафарро хашму ғазаб фаро гирифт ва пас аз он ду гӯш, ду рухсораи вай мисли ҳаври оташ тасф баровард.
– Ту ҳам ба ин бовар кардӣ?
– Ҳа, ҳамон вақтҳо бовар карда будам.
– Ҳозир ҳам бовар мекунӣ?
– Ҳозир аз ту рост ё дурӯғ будани инро мепурсам.
– Набошад, ба ҳамон касе, ки ин гапҳоро ба гӯши ту рехтаасту чашми туро аз дидани ҳақиқат бастааст, гӯй, ки коми Сафарро модараш бо ин хел беномусиҳо набардоштааст.
Мамараҷаб пеш аз ин гумон надошт, ки ба унвони амаки худ аз забони Сафар ин қадар нафрати сахт мерасида бошад. Вай гапи Сафарро дандон ба дандон монда мешуниду дар ин кор кӯтоҳандешӣ кардан ва қисман айбдор будани худро ботинан эътироф мекард.
Боз худ ба худ мегуфт: «Ҳоло ин як нӯги ришта аст».
Агар боз ба ӯ чӣ гуна фикру маслиҳатҳои фитнаангез додани амаки худро ошкор созад, ба ивази онҳо Мирбадалро ғайр аз хоин дигар чиз номидан кам аст.
Бо хоин ҳамтабақ ва ҳамфикр шудан Мамараҷабро ҳам қариб ба ҳамин ном лоиқ карда буд. Хуб шуд, ки вай ҳамааш набошад ҳам, як қисми гуноҳи худро дар пеши Сафар ошкор кард. Ҳозир ҳаминаш кифоя. Ӯ худро аз гуноҳҳои сахт дар оташу тӯфони ҷанги дарпешистода пок хоҳад кард. Мамараҷаб сари бо ин фикру хаёлҳо поён фурӯдрафтаашро боло бардошта, дар байни шаш – ҳафт моҳ аввалин бор ба чашмони калон – калони сиёҳи Сафар рост нигоҳ карда узромез гуфт:
– Айб аз ман гузаштааст, ҷӯра. Мебахшӣ, дили туро сиёҳ кардам.
– Не, дер бошад ҳам, бисёр хуб кардӣ. Ин гумонҳоро дар Сталинобод бартараф кардан лозим буд.
Майлаш, кӣ будани он маслиҳатдеҳи туро пурсидан ҳам ҳоҷат нест. Агар азму ирода ва орияти ҷавонмардиатро гум накарда бошӣ, ҷавобашро худат медиҳӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё