Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Фаҳмидед?
– Фаҳмидем, рафиқ лейтенанти хурд, – ҳама баробар ҷавоб доданд.
– Мумкин? – пурсид Сафар. Харитонов иҷозат дод.
– Ҷои посбонии отделенияи моро аз харита саҳеҳтар нишон медодед.
– Мана, наздиктар оед, – гуфт Харитонов харитаи топографиро ба наздиктари худ кашида ва ангуштони кӯтоҳ – кӯтоҳи худро ба рӯи харита монду баъд бо нӯги сурхи қалами дуранга ба ду нуқта доирачае кашид, – ана ҳамин ҷо. Боз дар аснои ба иҷрои вазифа шурӯъ кардан худам ҳамроҳ рафта нишон медиҳам.
Боз чӣ савол ҳаст? Дигар савол набошад, ба отделенияҳои худ рафта, тайёриатонро бинед. Расо дар соати
20 шурӯъ мекунем, – Харитонов ба соат нигоҳ кард. – Дар ихтиёри шумо боз чор соати пурра.
Фармондеҳи отделенияҳо пас аз шунидани фармон ба ҷой – ҷойҳояшон рафтанд. Вақте ки Сафар ба заминкани худ наздик шуд, аз он ҷо садои думбра ва овози ба вай ҷӯр шуда сароидани Нозир мебаромад.
Сафар бо кадом як мулоҳиза оҳиста-оҳиста қадам монду ба даромади заминкан расида, як дам рост истод. Ба гӯши вай овози думбра ва суруди Нозир аз ҳарвақта дида чунон форам мерасид, ки гӯё аввалин бор мешунида бошад.
Нозири камаровӣ бо овози на он қадар баланд, вале форами худ чунин месароид.
Ду қоши сиёҳ дорию мӯҳои дароз,
Дар мактаби шӯроӣ мехонӣ ба ноз.
Қурбони ду абрӯи сиёҳат бишавам,
Пеши мани зор кай ту меоӣ боз?
Ҳангоми суруд Сафар як дам худро фаромӯш карда,
фикран ба Тоҷикистон, ба водии Ҳисор, ба кӯҳсорони
Қаротегину Дарвоз, дар кӯчаҳои тахту рости Сталинобод, ки дар ин шабу рӯзҳо саросар сабзапӯш шудаанд,
сайругашт мекард. Аз Юнусбобо шармкунон бо Зебӣ
дар таги кадом як ниҳоли боғчаи мактаб танҳо сӯҳбати ширин мегузаронд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё