Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Хуб, рафиқ сержант, – гӯён бо ҷиддият расмиятро баҷо овард Мамараҷаб, – ин тарафаш тани мо.
Мамараҷаб боз чизе гуфтанӣ буд, вале аз роҳрав туп – тӯп қадаммонии касе ӯро аз гап боздошт. Ҳар ду ба роҳрав нигоҳ карданд. Ба тарафи заминкан робитачии фармондеҳи взводи сеюм меомад.
– Хӯш, Костя?
– Барои шумо омадам. Зуд ба назди фармондеҳи взвод, рафиқ сержант.
– Боз чӣ гап, аз ин ҷо ҳам кӯчро ғундоред-ку намегӯянд?
– Намедонам, ҳамаи фармондеҳони отделенияро ҷеғ мезананд.
Сафар сумка ва автоматашро ба гардан овехта аз блиндаж баромад. Аз роҳрав ба Мамараҷаб гуфт:
– Ту дар ҳамин ҷо бош, дур нарав.
– Хуб.
Дар блиндажи фармондеҳи взвод – лейтенанти хурд Харитонов, ғайр аз фармондеҳи отделенияи чорум, дигар ҳама ҷамъ омада буданд. Сафар аз фармондеҳи взвод иҷозат гирифта даромад ва аз паҳлӯи фармондеҳи отделенияи пулемётчиён чорзону нишаст. Фармондеҳи взвод Харитонов дар пешгоҳи блиндаж, дар болои суфачае, ки дар пешаш аз тахтаи бараш сӣ – чилсантиметрии кӯҳна мизи хурде сохта шуда буд, ба кадом як коғаз чашм дӯхта менишаст.
– Хуб, раифқон! – Ҳама ба тарафи фармондеҳи взвод Харитонов рӯ гардонданд. – Ман шумоёнро барои бо як фармон хабардор кардан ҷеғ задам. Аз ҳамин шаб сар карда мавқеи мо боз хавфноктар шуда монд. Немисҳо имрӯз субҳ хатти мудофиавии моро аз ду ҷо рахна кардаанд. Қисмҳои танкӣ ва мотории онҳо моро танг карда меоянд. Дивизияи мо фармон гирифтааст, ки ба мудофиаи марзи худ ва зада баргардондани ҳуҷумҳои душман тайёр бошад. Ин шаб навбати муҳофизату посбонӣ ба взводи мо супорида шуд. Отделенияи сержант Одинаев ва Клименко дар ду тарафи гарданаи теппаи дуюм, ки рӯбарӯямон аст, дар посбонӣ меистанд. Ду отделенияи дигар, то фармони махсус, бояд барои ба кашшофӣ рафтан ҳозир бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё