Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Боз дар ғафлат намонӣ, Мамараҷаб? – таъкид кард Сафар.
– Хотирҷамъ бошед, рафиқ сержант, Мамараҷаб Дадабой барин аз пар задани пашша ҳам бехабар намемонад.
– Чашматро сӯзан, гӯшатро сих кун! – гӯён Сафар бо ҳамроҳии Аркадий Косенко ва Дадабой Ёрматов ба поёни теппа фуромада рафт.
Мамараҷаб дар сангар қулайтар дароз кашида, ба тарафи Степан рӯ гардонд ва бо забони нимкораи русӣ аз ӯ пурсид:
– Стёпа!
– Ҳа.
– Мо ҳам ҳозир одами чандон хурд не-а?
– Набошад-чӣ. Тақдири як қисми калон дар дасти мо бошаду...
– Ба гумонат немис ба ҳамин ҷоҳо меомада бошад?
– Шайтон медонад. Ҷанги дар он тарафи Дон шударо дар хотир дорӣ, бе ҳеҷ огоҳӣ дар байни як-ду соат бо немис даст ба гиребон шуда будем.
– Лаънатиҳо танку мошини бисёр доранд. Ҳеҷ вақт пиёда намегарданд...
– Ба хаёли ту мо магар танку мошин надорем?
– Канӣ, аз рӯзе, ки ба ҷабҳа омадам, як бор ҳам ба мошин савор нашудаам.
– Қисми мо пиёданизом. Агар қисми моторӣ мешуд, аз болои мошин намефуромадӣ.
– Кайф кайфи ҳамонҳо будааст. Ақиб гурезанд ҳам, ба пеш раванд ҳам, худи комиссар барин доимо мошин тайёр.
– Не, ҷӯра, кори онҳо ҳам он қадар хуб нест.
– Чаро?
– Барои мошин роҳи ҳамвори васеъ даркор, ин хел дар ҳар ҷо ҳам шудан намегирад, ба болои ин, худо накарда агар чашми ҳавопаймои немис афтида монад, баъд ҳолат хароб.
– Набошад, ҳамааш ҳам як бало гӯй.
– Не, ин хел ҳам не. Аз ҳама хубаш қисми пиёданизом. Бесабаб нест, ки ӯро модари лашкар меноманд.

пешина
аз 333
навбатӣ