Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Агар дурусттар замин канда, панаҳ шавӣ, Ҷабраил ҳам туро ёфта наметавонад. Душман ки омад, аз қаъри замин хестагӣ барин, баногоҳ ба сараш ҳамла мекунӣ, ҳавопаймояш ояд, дарҳол ба чор тараф паҳн шуда, зуд аз чашмаш ғоиб мешавӣ, – гӯён Степан торафт бештар донишмандиии худро нишон додан мехост.
– Шабу рӯз пиёдагардиро намегӯӣ? – пурсид Мамараҷаб.
– Беҳтар ин ки ҳамеша пиёда гард. Агар доимо савори мошин гардию ягон ҳодиса шуда мошин аз кор баромада монад, баъд комиссари халқии бекор шудагӣ барин, хеле вақт пиёда гашта наметавонӣ.
– Ин гапат ҳам маъқул, – гуфт Мамараҷаб ва пурсид, – Стёпа, синнат чанд?
– Чаро якбора синнамро пурсидӣ?
– Хеле бачаи гапдон будаӣ.
– Хотирҷамъ бош, ин ҷанг як ману ту не, кӯдаки дар гаҳвора бударо ҳам гапдон мекунад. Худи ту ба чанд даромадӣ?
– Бисту сеи пурра.
– Аз ман як сол хурд будаӣ. Зан дорӣ?
– Не, – гуфт Мамараҷаб ва аз ин саволи Степан як дам хаёлаш парешон шуд. Баъд худи ӯ аз Степан пурсид:
– Ту чӣ?
– Зан нею маҳбуба дорам. Тӯй ҳам карданӣ будем, лекин ана ин ҷанги фалокат сар шуда монд.
– Ҳозир ҳам ҳамон маҳбубаат ҳаст? Мактуб менависад?
– Ҳаст, дар Урал, дар корхонаи тӯпсозӣ кор мекунад. 45 мм танкзанро ҳамонҳо месозанд. Ана ту гапдониро аз вай шунав. Пулемёти «Максим» барин... Як сар кунад, то ҳамаи лентаи гапро тамом накунад, намемонад... Дирӯз боз хат кардааст.
– Хӯш, чӣ менависад?
– Навиштаҳояш аз фармони командири дивизия ҳам зӯртар гӯям, хато намекунам, ҷӯра. Албатта дар аввали хат салому табрикҳои бисёр...Сонӣ, аз дур истода бӯсидану ба оғӯш кашиданҳои дуру дароз... Баъд аз ҳамаи онҳо ба ҷароҳат намакпошӣ сар мешавад.... Менависад, ки «Чӣ, магар қафо гашта – қафо гашта то Урал омаданӣ ҳастӣ?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё