Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як соат.. ду соат.. се соат вақт гузашт... Аз сабаби он ки дар як ҷо наҷунбида, бодиққат ба атроф нигоҳ карда менишастанд, чашмони ҳар ду аскар, мисли донаи анор суп – сурх шуда буданд, мижаҳо ба қавоқ вазнинӣ кардагӣ барин, пеши чашмони онҳоро мегирифтанд... Вале ҳисси масъулият ва қарзи адои хизмат иродаи аскарии онҳоро торафт мустаҳкам нигоҳ медошту ба ғафлатмонӣ роҳ намедод... Ҳамин тавр вақти дар пост истодан қариб ба охир мерасид. Шаб аз нисф гузашта, торикии пеш аз дамиши субҳ замину осмонро фаро гирифта буд. Мамараҷаб ин вақт мижа назада ба пеш нигоҳ мекард. Степан Шестак оҳиста – «Миша!» гуфту Мамараҷабро ҷеғ зад. Мамараҷаб ҳам «ҳа» гӯён рӯяшро нагардонда ҷавоб дод.
– Ту Кировро медонӣ?
– Ҳа, медонам. Ба номи вай дар деҳаи мо колхоз ҳам ҳаст, одами бисёр нотиқ буд мегӯянд.
– Ман дар кадом як китоб як сухани дар солҳои вазнини ҷанги дохилӣ гуфтаи ӯро хонда будам. Медонӣ, чӣ мегӯяд: «Шаб ҳар қадар ториктар бошад, ситораҳо ҳамон қадар равшантар медурахшанд...»
Мамараҷаб беихтиёр чашм ба осмон дӯхт.
Осмон пур аз ситора буд... Гоҳ паст, гоҳ баланд милт – милт дурахшидани онҳо чунон зебо менамуд, ки кас аз тамошояш сер намешуд... Мамараҷаб баъд аз ба осмон нигоҳ кардан чашмашро аз он ҷо канда, ба пешаш нигоҳ карда гуфт:
– Боз ба тамошои ситора банд шуда, аз пост бехабар намонам.
Аз нав чашми ӯ ба пеш дӯхта шуд... Дар ин асно аз дур ғурриши муҳаррики ҳавопаймо торафт наздиктар шунида мешуд, вале ин ғурриш ба болои сари онҳо наомада, боз ғоиб гашт... Аз мобайн бист-сӣ дақиқа нагузашта, Степан пичиррос зад: «Тсс, аз чап нуқтаи сиёҳ намуда истодааст».
– Канӣ? – пурсид Мамараҷаб рӯяшро ба ҳамон тараф нигаронда.
– Нағзтар нигоҳ кун, ана... боз ғоиб шуд...
– Хомӯш, овозат набарояд! – гуфт Мамараҷаб аз нуқтаи сиёҳ пай бурда ва боз ба ҳамон сӯ бодиққат чашм дӯхт.

пешина
аз 333
навбатӣ