Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сиёҳӣ аз пастхамӣ аввал якто... баъд дуто... сето шуда менамуд... Мамараҷаб автоматро ба тиркушоӣ ҳозир карда:
– Исто! Кӣ меояд? – гӯён садо баровард. Баробари овози вай ҳар се нуқтаи сиёҳ ғоиб шуд... Боз якчанд дақиқа вақт нагузашта, ҳамон нуқтаҳои сиёҳ аз нав пайдо шуданд. Ин сафар сето не, чорто ва баъд панҷто шуданд...
Мамараҷаб ба Степан фармуд, ки мушак парронад.
Степан мушакпарронакро ба ҳаво бардошта куланги онро зер кард. Мушак напарид...
– Лаънатӣ.. Мушаки пуч будааст. Ана акнун, бароварда ҳам намешавад...
Степан саросемавор ҳарчанд зӯр занад ҳам, мушаки напаридаро аз мил бароварда натавонист. Мамараҷаб фурсатро аз даст надода Степанро барои хабаррасонӣ ба назди сардори постҳои муҳофизаткунӣ фиристод.
– Норинҷакҳоро ба ман монда рав.
Степан хазида – хазида ба сангари Мамараҷаб омаду ду норинҷаки худро ба паҳлӯи вай гузошта, «Маҳкам исто!» гуфт ва боз хазида – хазида аз гарданаи теппа ба пастӣ фуромада рафт. Степан аз теппа ба пастӣ фуромада ғоиб шуда буд, ки боз нуқтаҳои сиёҳ паси ҳам аз ҳар ҷо – ҳар ҷои пастхамӣ пайдо шуданд.
Онҳо гоҳ намуда, гоҳ ғоиб шуда, ба тарафи чап ҳаракат мекарданд. Ин ҳаракати нуқтаҳои сиёҳ Мамараҷабро бадтар ба шубҳа мегузошт. Вай дарҳол гумон бурд, ки сиёҳиҳо аз тарафи чап ба қафои теппа гузаштанӣ ҳастанд.
Аз ин теппа то ҷои исти ҷузвитом бо роҳи рост қариб шашсад – ҳафтсад метр буд. Вале дар доманаи теппа чуқурии хорзоре буд, ки онро аз тарафи рост давр зада гузаштан лозим буд. То рафта омадани Степан камаш понздаҳ – бист дақиқа вақт лозим буд. То ин вақт хомӯш истодан шахсони номаълумро аз чашмандоз гум карда, онҳоро ба маҳалли қисм роҳ додан буд... Бинобар ин, Мамараҷаб аввал мувофиқи қоидаю талаби низомнома ва сониян аз рӯи он орият ва ҳисси интиқом, ки дар ин муддат дар ӯ ҳосил шуда буд, барои ба задухӯрди танбатан даромадан аҳд кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё