Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Дар куҷо гӯронданд?
– Дар ҳамон чуқурӣ. Ба рӯи бечора нигоҳ кардем, ба мурда ҳеҷ монанд набуд. Аз майна зада будааст, ҳаромӣ.
– Қурбону Наврӯз чӣ?
– Онҳоро дар як ҳоли бад ба баталйони беҳдошт фиристоданд. Вай ҳоло зинда будани туро намедонад, мисли мо ба марги ту гириста ҳам буд... Заб кор кардӣдия, даҳбошӣ? – Дадабой ба завқ ба китфи Сафар даст зада монд.
– Худам ҳам ба зинда монданам ҳайронам.
– Хайрият, боз ба ҳуш омадӣ, набошад зинда ба зинда аз болоят хок мепартофт.
– Аз отделенияи мо боз чанд кас аз саф баромад?
– Ду кас кушта шуду се кас дар госпитал. Ҳамагӣ панҷ кас.
– Шаш кас монде... Ҷанг бошад, акнун сар шуд...
– Fам нахӯр, даҳбошӣ, худи немис ҳам очакалонашро дид.
– Рафиқ сержант, – гуфт як ҷанговар аз қафо омада ва баъд аз ба тарафи вай рӯ гардондани Сафар бо лаҳҷаи украинӣ хабар дод, – хӯрок овардам.
Вай ҷанговар Коробко буд, ки пилоткаи калон дар сари хурди вай то гӯшҳояш фуромада буд ва ҳар замон ба ақиби сараш мелағжид.
– Раҳмат, Коробко, биёр, – ҷавоб дод Сафар аз дасти вай дӯлро гирифта. – Дигарон чӣ?
– Дигарон ҳам банавбат мехӯранд, дӯл намерасад.
– Канӣ марҳамат, Дадабой.
– Ба завқ, даҳбошӣ, ман баъд мехӯрам.
– Ӯҳӯ, қайлаи инро бинед, – гуфт Сафар дар равшании мушак ба даруни дӯл нигоҳ карда, – фақат равған.
– Имрӯз гӯшти барра, рафиқ сержант, – бо мамнуният хабар дод Коробко пилоткаашро дуруст карда.
– Барраи сафед, ё...
– Не, не... рост мегӯям, Дадабой, – эътироз кард Коробко чашмонашро калон кушода, – барраи ҳақиқии думбадор...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё