Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Вазъият танг шуда, рота боз қурбониҳои зиёд медод ва ҷанг бевосита дар маҳалли такягоҳии рота давом мекард.
Осмухин аз пункти дидбонӣ рафти ҷангро назорат мекард ва ба воситаи робитачии худ фармонҳои нав медод. Дар айни долу зарби ҷанг телефон ҷирингос зад.
– Аз куҷо? – пурсид Осмухин чашмашро аз майдони ҷанг наканда.
– Ҳӯҷаинамон, – ҷавоб дод телефончӣ, ки дар як кунҷ ба рӯи болопӯши худ нишаста буд.
– Кадом хӯҷаин? – гӯён Осмухин гӯшаки телефонро ба дасташ гирифт.
– 34-ум, – гуфт телефонист.
– Гӯш мекунам... Чӣ... иҳота... аз кадом тараф... хуб, то бегоҳӣ... фаҳмидам... –Ин гапҳоро такрор карда, симои Осмухин торафт тағйир меёфт, дар чашмони вай шарораи изтироб, ҳаяҷон ва баъзан ҳайрат бозӣ мекард.
Робитачии взводи дуюм – Костя омада, ба Осмухин ғамгинона ва бо чашмони гиряолуд гуфт:
– Лейтенанти хурд Харитонов ҳалок шуд...
– Харитонов?
– Ҳа, аз сараш тир хӯрд.
Аз паси ин инструктори беҳдошт Ҳоҷамқулови қазоқ омад.
– Рафиқ лейтенант, ҳалокшудагон ҳам бисёранд, захмдорон ҳам. Душман имкон намедиҳад, ки захмдоронро гирифта бароем.
Лейтенант аз ин гапи Ҳоҷамқулов бадқаҳр шуд.
– Чӣ, шумо мехоҳед, ки ман ба немис восита шавам, ки то аз майдони ҷанг баровардани захмдорон тир наандозад? Ҳозир поятонро ба дастатон гирифта марш, ягонто ҳам захмдор набояд дар майдони ҷанг монад!
Ҳоҷамқулов ба қиёфаи ғазаболуди Осмухин нигоҳ карда, бе ҳеҷ фикру хаёл зуд ба майдони ҷанг давид.
Аз рафтани вай дере нагузашта Коробко касеро ба китфаш бардошта меомад.
– Кист? – пурсид Осмухин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё