Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ҷанговари отделенияи дуюми взводи якум Дадабой Ёрматов, рафиқ лейтенант.
– Чӣ шуд?
– Захмдор. Ба шонаи чапу паси гарданаш оҳанпораи мина даромадаст.
Вақте ки Коробко ба наздиктари пункти дидбонии Осмухин омад, чашми Осмухин ба рӯии сап – сафед хунаш паридаи Дадабой афтод. Дадабой ҳам ба Осмухин бодиққат нигоҳ карду базӯр хандид. Ин ханда пӯсти гардани ҷароҳатдори ӯро озор дод, аз афташ, ки ҳамон замон абрувонашро чин намуда, нолише кард.
– Оҳиста ба ин қафо хобон, – гуфт Осмухин чуқуриеро, ки дар паси маҳалли дидбонӣ буд, нишон дода.
– Об, – гуфт Дадабой.
Осмухин як дӯлча обро ба Коробко дароз кард. Коробко эҳтиёткорона сари Дадабойро бардошта, об нӯшонд.
– Саломат бош, додар, раҳмат, – гуфт Дадабой ва дар ҳамин вазъият сахт шӯхмизоҷии худро гум накарда ба Коробко рӯ овард, – аз лейтенант пурс, оё аз мо розист? Fайр аз немисҳои кушташуда, ҳу ана ҳамон танкро ҳам Дадабой зада сӯзонд гӯй.
Осмухин дар ҳамин вазъияти шадид, ки ӯро ғазабнок мекард, сухани Дадабойро шунида, табассум кард.
– Бале, офарин, Дадабой, – гуфт Осмухин ба тарафи вай рӯ гардонда, – барои танки зада нобудкардаат офарин, лекин захмдор шуданат хуб нашуд.
– Чепуха, – гуфт русӣ карда Дадабой, – сад гардану шонаамон захмдор шавад ҳам, мо аз касони ба душман гарданфуроранда нестем, рафиқ лейтенант.
Лейтенант ҷавоб надода, ба роҳбари сиёсии дасташ баста, ки бо ҳамроҳии як ҷанговар касеро бардошта меомад, чашм дӯхт. Онҳо аз рӯ ба рӯ худро ба роҳрави заминкангирифтанд. Осмухин аз пункти дидбонӣ ба пешвози онҳо баромад.
– Талафот бисёр, Яков Данилович, – гуфт Ванюшин, дасти чапи дока печашро бо дасти росташ дошта.
– Ин кӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё