Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Худо медонад ба Сафараки ман чӣ шуда бошад, – баробари хомӯш шудани Зебӣ бо ҳасрат гуфт Умрихола ва дар чашмонаш ашк пайдо шуд.
– Хоҳар, бо ин хел хаёлҳои беҳуда дилатонро зиқ накунед, – гуфт аммаи Зебӣ – Бибизайнаб.
– Чӣ кор кунам, – ҷавоб дод Умрихола бо нӯги остинаш оби чашмашро пок карда, – дар паҳлӯятон ки нест, шайтони гӯрсӯхта касро ба ҳар хаёл мебарад.
– Ба шумо нагуфта будам, ки – гап сар кард Юнусбобо, ки вай домани ҷомаи кориашро ба миёнбандаш хаста, синабараҳна, ба сараш аз болои тоқӣ яккабандашро саллавор печонда менишаст, – одами мусулмон ба роҳи шайтон набояд дарояд. Шумо бошед, боз ба роҳи вай даромада, ким-чӣ хаёлҳо мекунед.
– Охир, дар ҳар се-чор рӯз хату хабараш меомад, аз бозе, ки ҷангҳои сахт сар шудаанд, аз бачекам ҳеҷ дараке нест, – ҷавоб дод Умрихола сарашро ғамгинона поён фуроварда.
– Хату хабар ба шумо аз Сталинобод намеояд, ки имрӯз нависанду пагоҳ ба дастатон расад. Аз ҳазорҳо фарсанг дурӣ, аз майдони ҷанг меояд. Охир, эҳтимол вақти хатнависӣ набудагист. Бечора Мирбадалро бинед, як моҳ зиёд шуд, ки аз Мамараҷаб хат намегирад, лекин ҳеҷ ноумед намешвад, – гуфт Юнусбобо, ки дар тасфи офтоб ангишт барин сиёҳ шуда, лабони ғафсаш торс – торс кафа буданд.
Ҳамин вақт аз дур аз байни ниҳолҳои пахтаи ним қади одам сар бардошта, Ҳодикӯсаи савора ба чашм намудор шуд.
– Ана, хат нест, хат нест гуфтетон, худи Ҳодиамак ҳам омада монданд, – гуфт кадом як мактаббача, ки дар паҳлӯи Зебӣ нишаста буд.
– Ҳа, ана, олам гулистон. Канӣ, оча, хезед, шодиёнаро тайёр кунед, набошад хатро додан намемонем, – гӯён шӯхӣ кард Юнусбобо ва аз мобайни аъзоёни бригадаи худ ҷаҳида хест.
– Як шодиёна не, сад шодиёна гиред, додар, – гуфт Умрихола бо бетоқатӣ, – чизе, ки гӯетон, тоҷи сар, коре карда, хабари саломатиаш расад, шуд.

пешина
аз 333
навбатӣ