Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ман адреси ҳамаашонро дорам, – гуфт роҳбари сиёсӣ.
– Бисёр хуб, набошад зуд ба баталйони беҳдошт фиристодан лозим, алалхусус аҳволи Одинаев вазнин менамояд, – Осмухин ба пешонаи Сафар меҳрубонона даст гузошта гуфт.
– Хотирҷамъ бош, Яков Данилович, ҳамаи ин корҳоро худам иҷро мекунам. Ту аз кори худат бехабар намон. Феъли немиси шаттахӯрдаро медонӣ-ку...
Осмухин ба хатти пеш рафт.
Роҳбари сиёсӣ Ванюшин захмдорони аз хатти майдони ҷанг кашондашударо ҳамон замон ба баталйони беҳдошт гусел карда истода буд, ки Дадабой аз занбар дасти солимашро дароз карда, дасти Ванюшинро дошту ба вай як порча коғазро дода гуфт:
– Рафиқ роҳбари сиёсӣ, мана суроғаи хонаи мо, ба оилаатон фиристед, албатта меҳмон шаванд. Барояшон на фақат дар хона, балки дар дида ҷой медиҳанд...
Ин марҳамати самимӣ Ванюшинро чунон мутаассир кард, ки вай ҳеҷ сухан гуфта натавониста, бо ҳаяҷон лаб ба лаби Дадабой бурда, ӯро сахт бӯсид...
БОБИ ҲАФДАҲУМ
Яке аз рӯзҳои тафсони аввали август занону мардон ва писарону духтарони ҷуйборӣ дар сояи беде, ки дар лаби ҷӯи калон қад кашида буд, гурӯҳ-гурӯҳ шуда менишастанд. Дар мобайни онҳо Зебӣ, ки ду милаи мӯяшро аз болои сарбандаш печонда буду дар тан куртаи парчагули рангпаридае дошт, бо овози баланд рӯзнома мехонд. Занону духтарон, писарбачагон ва мардон, ки дар ҳар ҷо – ҳар ҷо давра гирифта нону чой мехӯрданд, ба рӯзномахонии вай бодиққат гӯш медоданд.
«Сипоҳи мо дар Дон ҷангҳои шиддатноки хунрез карданд. Ба душман муяссар шуд, ки ба ивази талафоти бузурги қувваи зинда ва техникааш дар баъзе қитъаҳо пеш равад. Аскарҳои мо дар ин ҷангҳо мардонагӣ, устуворӣ, қаҳрамонӣ нишон дода, чандин бор ҳамлаҳои шиддатноки душманро зада дафъ карданд...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё