Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Баъди бо ҳама пурсупос кардан Ҳодикӯса аз сумкаи хаткашониаш як даста мактуб бароварда, аз байнаш се-чортаи онҳоро ҷудо карда гирифт.
– Мана ин ба шумо, очаи Сафар, – гӯён вай аввал ба Умрихола як мактубро дароз кард.
– Раҳмат, додарҷон, илоҳӣ барака ёбед... Чанд рӯз боз дилакам бетоқат шуда, ҷои нишастан намеёфтам, – гӯён аз дасти хаткашон мактубро гирифт.
– Шакар ба даҳанатон... Мана ин ба шумо, муаллима, – гуфт боз хаткашон ба вай мактубро дода. – Аз афташ Мирбадал дар ин ҷо нестанд, ба он кас ҳам як хат ҳаст, чанд рӯз боз аз хатпурсӣ гӯшу майнаамро хӯда буданд. Ду хат ба раис. Хуб, ба он кас худам месупорам.Акнун, муаллима, ҳозир ба шумо рӯзномаҳои мактабро медиҳам.
То Ҳодикӯса аз халтааш рӯзномаҳоро гирифтан, Зебӣ суроғаи мактуби худаш ва баъд азони Умрихоларо аз чашм гузаронда авзоаш беҷо шуд. Вай ҳардафъа барин зуд ба кушода хондани мактубҳо майл накарда, ҳайрон монд. Аз ин аҳволи рӯҳии Зебӣ аввал Юнусбобо ва баъд дигарон, ки ба шунидани мазмуни мактубҳо мунтазир буданд, пай бурданд.
– Тезтар кушода хонед, духтарам, – гуфт модари Сафар, – тоқатам тоқ шуд...
Зебӣ бошад, барои ҳарчи дертар хонда додани мактубе, ки тамоман аз дигар кас омада буд, баҳона меҷуст.
– Хайр, камтар истед, аз ин кас рӯзномаҳоро гирам,
– ҷавоб дод Зебӣ ба наздиктари хаткашон рафта.
– Оббо, ҳамон рӯзномаатонро ҳеҷ кас гирифта намегурезад, – гуфт Умрихола бадқаҳрона, – ё аз ҳоло хати Сафарро хондан ба шумо малол омад? Майлаш, ба худам гардонда диҳед, ягонтаи мана ин писарчаҳо хонда медиҳад.
Умрихола мактубро аз дасти Зебӣ бо қаҳр кашида гирифту ба дасти ҷавонписаре, ки дар паҳлӯи Зебӣ меистод, дод.
– Ма, Шокирҷон, писарам, худат хон. «Худаш нест, қадраш ҳам нест» мегӯянд, рост аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё