Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Шокирҷон талабаи синфи панҷуми мактаби деҳа, дар назди муаллима ва мудири худ ҳурмату одобро баҷо оварданӣ шуда, хатро кушоду лекин «русӣ навишта шудааст, ман хонда наметавонам» гӯён баҳона кард. Умрихола боз бадтар дар изтироб монда, оташин шуд.
– Чаро русӣ будааст, – дурусттар нигоҳ кун. Ақаллан номашро хон.
– Номаш ҳам ким-чӣ хел русӣ. Ос... Ос.... Мму...
хин-мӣ, намедонам...
Дар ин мобайн Юнусбобо ба пеши Шокирҷон омада, ба мактуб як назар андохту сонӣ худи Зебиро ҷеғ зад.
– Гир, духтарам, ба ин хел хатҳо ғайр аз чашмони худат аз они дигар кас намегузарад.
Зебӣ ҳам ба парешонхаёлӣ мактубро гирифта, чашм давонду баъд мазмунашро гуфта дод.
«Ба модари азизи рафиқи ҳамяроқамон Одинаев, – навишта шуда буд дар мактуб. – Ба шумо ин мактубро фармондеҳи ротаи Сафар Одинаев, яке аз бародарони наздику содиқи вай лейтенант Осмухин, роҳбари сиёсии рота Ванюшин менависанд. Албатта, аз мо пештар худи писаратон сиҳат шуда, дар бораи саргузашташ мукаммал навиштагист. Аммо мо то ҳоло, яъне аз он рӯзе, ки вай сахт захмдор шуда, ба госпитал фиристода шуда буд, аз ӯ ҳеҷ хату хабар надорем. Эҳтимол суроғаи моро фаромӯш карда бошад. Мо ва ҳамаи рафиқони ҷангии вай барои он ки ӯ баҳодурона ҷангида, фармони фармондеҳиро ба таври аъло ба ҷо овард ва мувофиқи талаби қасами ҳарбӣ ҷонбозии лоиқи таҳсин нишон дод, ӯро ҳар вақт ба хотир оварда, офарин мехонем ва ба шумо – ба модаре, ки чунин фарзандро тарбия карда, ба камол расондаед, садҳо бор ташаккур мегӯем.
Модари меҳрубон! Агар ба шумо мушкил набошад, илтимос мекунем, ки суроғаи бемористон ё қисми нави писаратон – Сафар Одинаевро ба мо навишта фиристед, то ки мо ҳам бо ӯ мукотиба барқарор карда, ҳолу аҳволи ҳамдигарро фаҳмем. Ҳамаамон мунтазирем, ки вай боз ба ротаи мо бармегардад. Мактубҳое, ки баъд аз захмдор шудани вай шумо ва рафиқони дигар навишта буданд, дар дастамон нигоҳ дошта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё