Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ ки Сафар ба рота ояд, ба дасти худаш месупорем.
Аз мо ба Бобо ва муаллимаи мактаб, раиси колхоз, ба колхозчиён салом расонед.
Ба шумо саломатию хушбахтӣ орзумандем ва ҷавоби мактубро мунтазирем.
Лейтенант Я. Осмухин
Роҳбари сиёсӣ И. Ванюшин.
10 июли соли 1942».

Модари Сафар ларзида, рангу рӯяш парида беҳуш шуд. Юнусбобо ҳам ба изтиробу ҳаяҷон афтод, вале зӯр мезад, ки дар пеши модар ин вазъияти худро маълум накунад. Зебӣ бошад, парешон ва маъюс, чӣ гуфтанашро надонист. Дигарон ҳам аз ин мактуб дар ҳайрат буданд.
– Ана хабари нохуш, додар, – гӯён Умрихола оби чашм рехт, – чанд рӯз чашми чапам парида, дилам бесаранҷом шуданаш ҳам бегап набудааст. Худоё, худовандо, чӣ гуноҳи азим карда будаам, ки ба сарам ин қадар рӯзи сахтро овард...
Юнусбобо аз бемаҳал шӯру ғавғо бардоштани модари Сафар оташин шуда, ба гап даромад.
– Ҳоло дар ҳеҷ ҷо ҳеҷ гап нею нолаю фарёдатон аз азодорҳо ҳам бадтар-а, хоҳар?
– Э, додарҷон, агар вай сиҳат – саломат мешуд, то ҳол як порча хат навишта, модари сарсахташро хотирҷамъ мекард.
Юнусбобо дар дилаш ин гапи Умрихоларо тасдиқ мекарду вале боз алами ӯро пасанда кардан мехост.
– Охир, оча, шумо занаки бефаҳм нестед. Ин гапи роҳи дур. Сабр кунед, ин сӯ – он сӯро пурсида кофтуков кунем. Наход дар ягон ҷо ному нишонаш набошад.
– Ҳа, шакар ба даҳанатон, рост, – ба гап ҳамроҳ шуд Ҳодикӯса ва ӯ ба расидани ин хел хату хабар худашро ҳам айбдор дониста нотинҷ мешуд. – Ман ба қишлоқи ҳамсоя баъд аз чор моҳ дар бораи зинда будани додари як кас хат оварда будам. Ин хел дар вақташ нарафтан, наомадан, баъзан дар худи майдони ҷанг гум шуда мондани хатҳои одамон рӯй дода меистад.

пешина
аз 333
навбатӣ