Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
дошта, беҳушона гап мезад:
«Очаҷон... Чаро гиря мекунӣ... Бо ман лейтенант...
ҳа, Осмухин... Ана... Сталинград... Юнусбобо... Бинед... заводи трактор... кӣ... немис... канӣ... итоат, рафиқ лейтенант... Дадабой...Степан... Нозир... Мамараҷаб канӣ... Ба пеш... оташ кушоед... Ота-а-аш...
– Табаш боз баланд шуд, – гуфт Зоя ва як порча докаро ба оби коса, ки дар болои ҷевонча меистод, тар карда, ба пешонаи Сафар монд.
– Бечора хело азоб кашид... Илоҳӣ сиҳат шавад.
Дадабой ин гапро заду боз хаёлпарешон дар курсии худ нишаста ба Зоя нигоҳ кард.
– Магар осон аст, – гуфт Зоя бо овози қариб шуниданашаванда, – кафи даст барин оҳанпора як қабурғаашро бурида, шикамашро ҳам чок кардааст...
Ба замми ин хунаш ҳам бисёр кам мондааст.
– Рост, азоби ҷӯраамро дида, дарди захми худамро фаромӯш кардам, – гуфт Дадабой базӯр оҳиста як дасташро ба гарданаш расонда, – лекин шонаю гарданам ҳамин хел тароша барин шах шуда намонад гуфта, метарсам, Зояхон, чӣ гуфтед?
– Чораи гардани шахро мулоим кардан ёфт мешавад, ғам нахӯред.
– Медонам, агар бо ҳамин дастони нозукатон як бор ҳамин гардани мани бечораро ҳам мемолидед... Дигар дорую дармон ҳам даркор набуд.
Зоя аввал лаби поёнашро газид, гӯё ранҷидагӣ барин ба Дадабой нигоҳ кард. Дадабой ҳам чашмони хандонашро аз ӯ намеканд.
– Одамҳо дар чӣ ғаму шумо дар чӣ хаёл, – гуфт Зоя.
– Мебахшед, забон устухон надорад, дар куҷое ки бошад, ба адои хизмати худ мешитобад...
Зоя ба Дадабой нигоҳ карда, чизе гуфтанӣ шуда буд, ки Сафар оҳиста сар ҷунбонда нафаси дароз кашиду баъд «об» гуфт. Дар давоми чор рӯзи ба бемористон хобидан аввалин бор даҳан во карда, худаш об талаб кардани Сафар ба гӯши Зоя ва Дадабой мисли кӯдаки аввалин бор ба гап даромада чунон ширин ва форам расид, ки ҳар ду саросема баробар аз ҷояшон хестанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё