Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ба болои ин, аз қисме, ки дар он рӯзҳо аз саҳрои Дон бо ҷангҳои хунрезона қафо менишаст, ҳеҷ кас намедонист, ки захмдорони аз майдони ҷанг баровардашуда ба куҷо фиристода шуданд ва дар чӣ аҳволанд. Барои ин имкон ҳам набуд.
Ҳамин тавр, аз мобайн боз се-чор рӯзи дигар гузашт, дар давоми ин рӯзҳо модари Сафар – Умрихола аз гиряю нола як дақиқа ҳам хомӯш намемонд. Юнусбобо, Зебӣ, раиси колхоз акои Олим, котиби ташкилоти ҳизбии колхоз Одил Саркор ҳам рӯз аз рӯз ҳар гуна андешаҳоро аз дил гузаронда, барои тасаллӣ додани Умрихола дигар баъзан гап ҳам намеёфтанд.
Шаби чорум, дар айни хуфтан тақ – тақи дар Зебиро аз гирдоби фикру хаёлҳо берун баровард. Вай дарҳол дар ин бевақтӣ кӣ ва барои чӣ омадани шахси даркӯфтаро пурсида ҳам натавониста, ба пешвози аммааш, ки аз пеши дар меомад, рафт.
– Боз ҳамон Ҳодиамак, – гуфт Бибизайнаб.
– Ҳа, чӣ мегӯянд?
– Худи муаллимаро ҷеғ занед мегӯянд.
Зебӣ дасту пояш ларзида – ларзида ба пеши дар рафт. Ҳодикӯса дар торикӣ омадани Зебиро пай бурда, гуфт:
– Хоби ширинатонро вайрон карда бошам ҳам, ҷанг накунед, имрӯз камтар дер мондам. Fайр аз газету журналҳо як хати шабу рӯз чашмдоштаатонро ҳам овардам, мана марҳамат.
Зебӣ аз хурсандӣ хат ва рӯзномаро гирифта, раҳматгуфтанро ҳам фаромӯш карда, ба тарафи хона баргашта буд, ки Ҳодикӯса аз қафои вай гуфт:
– Ана ҳамин-дия, хату хабари саҳл ба табъ нафоранда биёред, аз қафоятон санг мепарронанд, хату хабари хуш биёред, миннатдории хушку холиро ҳам нася мекунанд.
– Э, Ҳодиамак, мебахшед, – гуфт Зебӣ саросема аз роҳаш баргашта, – хоболуд гапамро ҳам фаромӯш кардаам, ман миннатдор, дароед, як пиёла чой нӯшида равед.
– Не, ба чойнӯшӣ вақт нест. Шиками ин тулфорро тезтар сер накунам, аз ҷояш намеҷунбидагӣ барин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё