Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо ин сухани рӯидилакӣ Мамараҷаб дар назди Сафар «фидокорӣ»-и худро намоиш доданӣ мешуд.
– Агар қатъӣ қарор дода бошӣ, азми калон кардӣ, – гӯён Сафар таги дили Мамараҷабро фаҳмиданӣ шуд.
Мамараҷаб дар дилаш аз гуфтааш пушаймон шуду бо табассуми сохта ҷавоб дод:
– Сад азму аҳд кунӣ ҳам, аз зери бори ин коғазҳо баромада наметавонӣ... Ба болои ин, бе ихтиёри раис, акои Олим ба куҷо рафта мешавад?
Сафар аз рафтори худаш мисол гирифта, исроркорона гуфт:
– Касоне ҳастанд, ки ҳатто идораҳои ноҳия розигӣ надода бошанд ҳам. ба марказ муроҷиат карда, охир ба хоҳишу матлаби худ расидаанд...
Мамараҷаб барои мустаҳкам кардани даъвои худ ба баҳонаҷӯӣ даромад.
– Аз як ҷиҳат ин гапат ҳақу лекин калонҳои колхозро писанд накарда, рост ба марказ муроҷиат кардан ҳам аз рӯи услубу одоб нест, ҷӯра.
Ба болои ин гапи Мамараҷаб амаки ӯ, мудири магазини ҷамъияти матлуботи деҳаМирбадал даромада омад. Вай бо Сафар зоҳиран сидқӣ мулоқот намуду риёкорона ба гап даромад:
– Илоҳо ҳеҷ гоҳ аз дида дур нашаведе, ҷони ширин... Панҷ рӯз рафтеду панҷ сол надидагӣ барин пазмон шудема... Ҳа, дарвоқеъ, туф-туф... чашм нарасад, ҷӯраҳои гул барин шукуфон аз афташ, аз дидаю шунидаатон чақ-чақ карда нишастетон?
– Ҳа, аз шаҳр субҳи барвақт омада будам, як аз инҳо ҳолпурсӣ кунам гуфта ҳозир аз хона баромадам, – ҷавоб дод Сафар.
– Бисёр хуб кардед. Худаш ҳам як замоне омад, ки одам ба одам ғанимат шуда монд, – гуфт Мирбадал.
Сухани охирини Мирбадал ба табъи Сафар нафорид. Вай дарҳол бо хайрухуш ба тарафи дар рост шуда буд, ки Мирбадал пурсид:
– Ҳа, муаллим, чорта гап назада даррав рафта итодаед, ё омадани ман магар ба миёни сӯҳбати ду ҷӯра лагад зад-а, мирзо? – Аввал ба Сафар, баъд ба Мамараҷаб муғамбирона чашм дӯхт Мирбадал.

пешина
аз 333
навбатӣ