Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, амаки Мирбадал, – ҷавоб дод Сафар, – ба раис акои Олим ва парторг Одил Саркор кор доштам, зуд ҳамонҳоро рафта бинам.
– Ин хел бошад, ҳозир ҳамаашон ба клуби колхоз омаданд, – хабар дод Мирбадал.
Сафар бо шитоб баромада рафт. Мирбадал аз рафтани Сафар як дақиқа вақт нагузашта аз қафои вай дари идораи колхозро кушоду ба берун, ба чор тараф чашм давонда гирифта, боз дарро сахттар пӯшид ва ба мизи Мамараҷаб наздиктар омада оҳиста пурсид?
– Чӣ мегӯяд?
– Ҳеҷ чиз нагуфтааст, – ҷавоб дод Мамараҷаб.
– Ба аскарӣ рафтани худро гуфт-мӣ?
– Не, аз ин хусус гап назадааст-ку, шумо аз куҷо фаҳмидед?
– Аз ноҳия.
– Ҳаа..., – гӯён Мамараҷаб сухани Сафарро, ки аз ин якчанд дақиқа пеш гуфта буд, ба хотир оварда онро ба Мирбадал ҳам нақл кард.
– Бачаи пухта-дия, ноумед, – илова кард Мирбадал,
– хайр, бало ба сари худаш, шумо кори худатонро донед, ҷиянам.
– Ба мо ҳам пагоҳ – бегоҳ навбат меомадагӣ барин, амаки Мирбадал, – гуфт Мамараҷаб ва аз даруни як ҷузвадон якчанд даъватномаи комиссари ҳарбии ноҳияро бароварда нишон дод.
– Мана, боз ба панҷ кас даъватнома омад.
– Ба шумо-ку нест?
– Не, нест.
– Хотирҷамъ бошед, набошад.
– Чӣ хел хотирҷамъ бошам?
– Э, пурсида мешинед-мӣ ҷиянам, дар ин рӯзҳо камина амаки магазинчетон ҳам одами аз ҳама даркорӣ шуда монд. Хулоса ҳамин, ки ба ягон кас корамон афтода монад, мо ба пеши вай не, худо хоҳад, худи вай, агар гурусна монданро нахоҳад, ба пеши мо меояд.
Мамараҷаб аз ин гапи амаки худ завқ карду аз ҷояш хест ва ӯ ҳам рафта дари даромадро кушода ба берун нигоҳ кард.

пешина
аз 333
навбатӣ