Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Қариби ғуруби офтоб аз тарафи Саратов ба бандаргоҳ киштие омад, ки болояш пур аз борҳои ҳарбӣ буд.
Сардори бандаргоҳ ба ҳамаи касони ба тарафи Сталинград равона фармон дод, ки ба ҳамин киштӣ савор шаванд ва агар, мабодо, ба вай ҳуҷуми ҳавоӣ рӯй дода монад, дар киштинишастагон бояд ҳам борҳои худашон ва ҳам борҳои ҳарбиро аз хавф эмин дошта аҳлона амал намоянд.
Ҳамин тавр, Сафар ва Дадабой дар умрашон аввалин бор ба саҳни киштӣ қадам монданд. Онҳо ба болои қуттиҳо, ки рӯи ҳам қатор чида шуда буданд, баромада, болопӯшу борхалтаҳои худро партофта, акнун хотирҷамъ дароз кашида буданд, ки баногоҳ киштӣ гудоки бетанаффус дода, аз чор тараф бонги хатар баланд гардид. Касе аз бандар истода ба воситаи карнайи кӯтоҳи тунука бо овози ғафсаш ҳамаро барои ба паноҳгоҳҳо гурехтан даъват мекард. Дар мобайни як-ду дақиқа бандаргоҳ бозор барин серҳаракату серғавғо шуда, ҳамоно одамон аз чашм ғоиб шуданд.
Сафар ва Дадабой аз қафои ҳамроҳони худ болопӯшу борхалтаи худро дар болои пароход монда, боз ба бандаргоҳ давиданд. Вақте ки Сафар аз роҳи тахтагини бандаргоҳ ба тарафи чап медавид, дасти сахти касе аз китфи ӯ маҳкам дошта, ба як сӯрохе, ки як одам базӯр меғунҷид, тела дод. Сафар бо синааш ба болои касе парӯ шуда афтода буд, ки аз зери вай овози пиразане шунида шуд:
– Аз бомба пештар дар таги пои одамҳо монда намурем, хуб буд...
Сафар синаашро дарҳол боло бардошта, сарашро ба шифти заминкан сахт зада гирифт ва баъд боз ба болои пиразан боэҳтиёт парӯ шуда гуфт:
– Оча, хафа нашавед, дар торикӣ ҳеҷ чизро надида мондам.
– Худат кистӣ? – пурсид кампир.
– Аскар.
– Аскар бошӣ ҳам, аз афташ одами ин ҷой нестӣ, аз гапзаниҳоят мебинам...
– Аз тарафҳои Осиёи Миёна будагист, – гуфт боз касе аз пешгоҳ бо овози мардона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё