Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат, немисҳо дар нимаи дуюми моҳи август аз шимоли Сталинград бо як гурӯҳ лашкарҳои зиреҳпӯши танкии худ хатти мудофиавии қисмҳои моро рахна карда, ба Волга баромада буданд. Аз самти шимол ба Сталинград, ғайр аз дарёи Волга, ки вай ҳам шабу рӯз тирборон карда мешуд, дигар роҳ набуд.
Сафар баробари шунидани калимаи Ерзовка аз кисааш мактуберо бароварда аз назар гузаронд, ки ин мактубро ӯ рӯзҳои охир дар бемористон аз лейтенант Осмухин ва дигар рафиқони ҳамротаи худ гирифта буд. Осмухин дар ин мактуб аз аҳволи оилаи худ навишта, хабар дода буд, ки духтарчаи вай Нина ба назди модаркалонаш ба Ерзовка фиристода шудааст.
Ин ҷои мактубро такрор хондан ҳамон, Сафар боз ба харитаи ба болои мизи корӣ паҳнкардаи комендант чашм дӯхт. Вале комендант сухани худро ба охир расонда, харитаро ғундошта гирифт.
– Рафиқ лейтенанти калон, – муроҷиат кард Сафар,
– як пурсиш дорам, мумкин?
– Хӯш, марҳамат, – гуфт комендант.
– Ерзовка аз ин ҷо дур аст?
– На он қадар, тахминан 40 – 50 километр.
– Ба он ҷо мошин меравад?
– Ҳа, агар ба назди немисҳо меҳмон шуданӣ бошед, бемалол меравед, – гуфт комендант бо кинояи тамасхуромез.
Сафар каме хомӯш монда, боз пурсид:
– Хайр, ростӣ ба қисмамон рафта наметавонем?
– Агар шумо ҳақиқатан дилсӯзи дивизияи худ бошед, зудтар ба ягон қисми дар тарафи мо буда рафта, барои бурида гузаштани хатти немисҳо кӯшиш кунед.
Маслиҳати пухта ҳамин, – гуфт комендант бо қатъият ва баъд ба дасти онҳо суроғаи полки эҳтиётии имрӯз ба хатти пеши ҷанг фиристодашавандаро ва ба номи панҷ кас мактуби махсус навишта дод.
Пас аз якуним – ду моҳи аз ротаи худ ҷудо шудан Сафар, Дадабой ва дигар ҳамроҳони вай охир ба полки эҳтиётие, ки аз захмдорони шифоёфта ташкил дода шуда буд, омаданд. Баробари ба полки эҳтиётӣ омадан,

пешина
аз 333
навбатӣ