Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дадабой аввал ба ин манзара дере чашм дӯхта истоду баъд ба Сафар заминканҳоро нишон дода гуфт:
– Элликбошӣ, ҳозир ана ин заминкану мурдаҳои немисҳоро дида, сухани лейтенант Осмухин, ки дар саҳрои Дон дар аснои заминкан кофта истоданамон гуфта буд, ба ёдам омад.
– Чӣ гуфта буд? – пурсид Сафар.
– Барои мо имрӯз ин замини бо азоб чуқур кандаамон паноҳгоҳи муваққатӣ бошад, пагоҳ – бегоҳ барои немисҳо гӯри торик мешавад, гуфта буд... – ҷавоб дод Дадабой ва бо дасташ заминкану сангарҳоеро, ки пур аз мурдаи аскарҳои гитлерӣ буданд, нишон дода илова кард, – ана, гуфти лейтенант дар пеши назари худамон...
– Ҳа, ҳа... Ба хотирам омад, заминкан кофтани Мамараҷабро дида нагуфта буд? Канӣ, акнун худи Мамараҷаб инҳоро бинад...
– Воқеан Мамадполвон ҳозир чикора бошад?
– Кораш калон. Сардори звенои фронтӣ, одами номдори колхоз шудааст, – ҷавоб дод Сафар.
– Эҳ, Мамараҷаб, офарин, охир хизмати аскарӣ ӯро ба қатори одам даровард-а?..
Сухани охирини Дадабойро ғулғулаи танки пешгард, ки баробари ба ҳаво паридани мушаки сурх баланд шуд, пахш кард. Аз паси вай дигар танкҳо ҳам аз қафои худ дуди хокистарранг бароварда. якбора бо ғурриш аз ҷои худ канда шуданд... Аз чор тараф ҷанговарон ба ҳамдигар даст афшонда. борҳо «Поезд ба Сталинград меравад... Ба Сталинград...» гӯён садо мебароварданд.
Ҳангоме ки рӯз домани худро аз уфуқ кашида, шаб пардаи худро паҳн мекард, онҳо аз самти шимоли ғарб ба шаҳр даромаданд. Шаҳри нимторикро мушакҳоли беҳисоб, ки якбора аз чанд тараф ба ҳаво мепариданд, равшан мекарданд. Сафар аз ин рӯшноӣ фоида бурда, сарсарӣ бошад ҳам, ҳамаи манзараи дар пеши худ аёнгаштаро бо чашмони шӯълавари худ аз назар мегузаронд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо