Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз чӣ сабаб бошад, ки ҷанговарони Сафар ба чашми худ бовар накарда, бо овози паст ба ҳамдигар мегуфтанд.
– Сталинград!
– Мо дар Сталинградем!
Ба ин гапи онҳо касе аз торикӣ ба пешвози онҳо омада, ҳарсасзанон тез-тез нафас кашида:
– Шермардони генерал Рокоссовский дар Сталинград... – мегуфту ҳар каси ба чашм афтодаро, мисли падар, бародар ва дӯсти солҳои сол надидаи худ ба оғӯш кашида, аз бӯсидан сер намешуд... Аз паси вай боз беист ҳамроҳонаш омада, монанди вай аз оғӯшгирӣ ва бӯсакунӣ дере даст намекашиданд...
Сафар, ки дар чашмонаш ашки шодӣ ҷӯшида буд, низ ҳар яки онҳоро бо меҳру самимият ба оғӯш гирифта мебӯсид ва баъд такрор – такрор аз онҳо мепурсид:
– Лейтенант Осмухинро намедонед дар куҷо бошад?
Аз дивизияи полковник Людников.
Лекин аз ҳеҷ кас ҷавоби қонеъкунанда намегирифт.
Дар охир як мард ришу бурутҳои расидаашро ба лабу даҳони Сафар хор барин халонда-халонда ӯро бӯсида ба саволаш ҷавобан гуфт:
– Дивизияи полковник не, генерал Людников дар шимолтари шаҳр ҳанӯз бо фритсҳо меҷангад... Ҳозир ҳам ба тарафи онҳо гузаштан осон нест. Фашистон беист аз ҳар таҳхонаю кунҷу гӯшаҳои хонаҳо мепарронанд. Чӣ, магар шумо аз ҳамон дивизия?
– Ҳа, аскари собиқи ҳамон дивизия будам, – ҷавоб дод Сафар.
– Ба фармондеҳонаш ҳам офарин, ба ҷанговаронаш ҳам... – таъриф кард ҳамсӯҳбати Сафар. – Дар соҳили рости Волга танга барин заминро чор моҳ боз аз даст надода, ҳозир ҳам шервор меҷанганд.
– Немисҳо дар куҷо? – пурсид Сафар.
– Ҳам дар чап ва ҳам дар рост.
– Ин ҷо куҷо?
– Қӯрғони Мамаев. Рӯз бошад, тамоми шаҳрро аз ин ҷо чун кафи даст дидан мумкин аст.
Сӯҳбати кӯтоҳи онҳо баробари расидани фармони нав қатъ ёфт.

пешина
аз 333
навбатӣ