Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар пеши вай беҳдори дастонаш хунолуд сари синаи бараҳнаи ӯро докапеч мекард. Докаи сап – сафед, мисоли коғазе, ки ба ранги сурх олуда аст, аз хуни синаи вай торафт лолагун мегашт.
– Дадо... Дадо... Ошно... Чӣ шуд ба ту? – Сафар ба болои сари вай хам шуд.
Дадабой чашмони худро, ки сиёҳии онҳо торафт ба боло кашида мешуданд, базӯр нимроғ кушода, ба Сафар хеле диққат кард ва бо садои ғулӣ чунон гап зад, ки Сафар фақат охири сухани ӯро фаҳмид:
– Мо д – а – р С – т – а – л-и – н – г – р – а – д...
– Ҳа дар Сталинград, ҷӯраи ҷон, дар Сталинград ҳастем, – гӯён Сафар аз бадтар дигаргун шудани ранги рӯи вай безобита шуда, гоҳ даст, гоҳ сар, гоҳ синаи ӯро медошту навозишкорона менолид ва гӯё бо ҳамин ӯро аз дасти марг халос кардан мехост. Ба беҳдор саволомез нигоҳ мекард ва аз ишораи вай ноумед будани аҳволи дӯст, ҷӯра, ҳамватани худро пай бурда, аз ин ҷудоии бемаҳал мижаҳояшро бо оби дида тар мекард...
Дадабой боз як бори дигар чашмонашро калонтар кушода, ба Сафар дӯхта буд, ки Сафар рӯяшро як сӯ гардонда, ашки чашмашро бо остинаш пок кард.
– Чаро мегирйӣ, кас магар дар айёми ид ҳам мегиряд?.. – гуфт Дадабой ва чашмашро аз осмоне, ки аз зери абрҳои пора – пора бунафшранг метофт, наканда, каме хомӯш монд.
– Дадо, ҷӯраҷон, ҳозир туро ба қисми беҳдорӣ мебарем... Аҳволат бад нест, дуруст мешавӣ, – гуфт Сафар ба некхоҳӣ ва мехост Дадабойро аз зери сар ва пояш ба дасташ бардорад. Аммо, аз афташ, аз Сафару беҳдор вазъияти худро худи Дадабой беҳтар медонист, ки таклифи Сафарро рад кард.
– Не, мон, аз ҷоям наҷунбон, додар. Ғамгин ҳам нашав, ҳозир ҳам Дадо мисли хурӯс аст... Бин, чӣ хел осмон аз байни абрҳо каб – кабуд менамояд... Тамоман ба осмони Сталинобод монанд...
Сафар ҳам беихтиёр сарашро боло бардошта, ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо