Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз паси ӯ якчанд ҷанговарони дигар ҳам гоҳ афтону хезон давиданд. Аз гардиш ва кунҷҳои бино, аз сӯрохҳои як одам ғунҷидании он пайи ҳам тир мепаррид.
Ҳамин ки ҷанговарон ба паси девори рӯ ба рӯ расиданд, Сафар дарҳол ба сӯрохи охири девор болои ҳам ду норинҷак ҳаво доду аз паси он худаш ба дарун зер карда даромад. Шарикони вай ҳам ҳамин тавр аз дигар сӯрохҳои дару тирезаҳо ба бино даромада, аскарҳои гитлериро ки пулемёту автоматҳои худро партофта, монанди бузи аз раъду барқ хӯсида дар ҳар кунҷи хона ларзида менишастанд, бо қундоқ, найза ва ҳатто бо мушт мекӯфтанд.
Гитлерчиён одатан дар ин гуна вазъияти ноилоҷ, ғайр аз «Гитлер капут, Русен гут... корош... плен...
плен...» гуфта даст бардоштан дигар чорае надоштанд.
Дар ҳамин вақт яке аз он ҷанговарони ҷузвитомҳои беҳдорӣ, ки ба взводи Сафар ҳамроҳ шуда буданд, аз тирезаи беоинаи хонаи даромадааш ба берун нигоҳ карда гуфт:
– Ана, мо ба биноҳои корхонаи тракторсозӣ ҳам расидем.
Чашми Сафар зуд ба сӯи он ҷанговар дӯхта шуд:
– Чӣ гуфтӣ, корхонаи тракторсозӣ?
– Ҳамин тавр, рафиқ сержанти калон.
– Ту аз куҷо медонӣ?
– Худи ман ҳаминҷоӣ ҳастам, рафиқ сержанти калон.
– Ин тавр бошад, биё ба шодиёнааш аз лабонат як бӯсам, ҷӯра... – Сафар бо ӯ сахт оғӯш гирифту бусобӯсӣ кард ва баъд дасти ӯро дошта гуфт: – Ту сталинградӣ бошӣ, ман сталинободӣ ҳастам...
Онҳо боз ба бӯса лаб бурда буданд, ки аз куҷо Йӯлчӣ ба ҳавли ҷон давида омада:
– Дадабой тир хӯрд, рафиқ сержанти калон, шуморо мепурсад! – гуфт.
Сафар ба ҷои худ фармондеҳи отделения сержант Неходаро монда, худаш ҳамроҳи Йӯлчӣ давида берун баромад. Дар пайраҳаи кӯчае, ки нав Сафар аз он ҷо гузашта омада буд, дар паси сангтӯда Дадабой, ки дар рӯяш қатрае хун намонда буд, чашмони калон – калони худро ором пӯшида рӯ ба боло мехобид.

пешина
аз 333
навбатӣ