Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Аз чор тараф ҷанговарони дигар ҳам мисли ӯ аз ҷои худ бархоста, якдигарро мебӯсиданд, ба оғӯш мегирифтанд.
Сафар ҳам ба взводи худ ба истиқболи ҷанговароне, ки ба сӯи ӯ меомаданд, давиду аз як аскаре ки дар паҳлӯяш меистод, пурсид:
– Шумо аз кадом қисм?
Ҷанговар номи фармондеҳи қисми ба Сафар ношиносро гирифт.
– Шумо намедонед, дивизияи генерал Людников дар кадом тараф?
– Медонам, онҳо аз мо дусад-сесад метр дуртар буданд. Ҳозир дар паси ҳӯ ана он хонаҳои вайронаи соҳили Волга бояд бошанд, – гуфт Ҷанговар ва бо дасташ ҳамон тарафро нишон дод.
Сафар ба Ермак куҷо рафтани худро таъйин карда, ба ҳамон тарафе, ки аскар нишон дод, давон-давон рафт.
Вай ба пастхамии соҳили рости Волга расида буд, ки ӯро як марди миёнсоли дар бараш либоси фармондеҳӣ, нигоҳ дошт.
– Истед, рафиқ ҷанговар! – гуфт вай ва пурсид: – Шумо корд надоред?
– Дорам, рафиқ подполковник, – ҷавоб дод Сафар ва аз соқи мӯзааш корди дудамаашро баровард.
– Як дақиқа сабр кунед, ҳозир баргашта медиҳам, – гӯён командир кордро аз дасти Сафар гирифту ба як чуқурие, ки аз ҷои исти онҳо чор-панҷ қадам дуртар буд, рафт. Сафар ҳам аз паси вай рафт. Дар чуқурӣ як фармондеҳи захмдор ва боз як ҷанговари дигар менишастанд. Командире, ки аз Сафар корд гирифт, ба болои командири ярадор омада, остини чапи болопӯши ӯро аз поён то боло бо корд бурид. Аз зери остин бозуи хунолуди ӯ намоён шуд. Дарҳол ҷанговар аз зери оринҷи тирхӯрдаи ин фармондеҳ дошта, эҳтиёткорона ба докапеч кардани захм сар кард.
– Омада – омада дар охири ҷанг тир расид, лаънатӣ!
– бо нолиш гуфт захмдор.
– Зарар надорад, фармондеҳи баталйон, намурдӣ, ба ҳаминаш ҳам шукр, – Ҷавоб дод фармондеҳи дуюм ва ба аскар фармуд, ки фармондеҳи баталйонро ҳамроҳ зуд ба қисми беҳдоштӣ гирифта барад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо