Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Баъд вай кордеро ки аз Сафар гирифта буд, баргашта ба ӯ доданӣ шуду боз банохост гашта гирифта, ба дастаи вай чашм дӯхт ва матнеро, ки дар дастаи ин корд канда шуда буд, хонда, ба Сафар чашм дӯхт.
– Шумо аз куҷо мешавед? – пурсид командир.
– Аз Тоҷикистон, рафиқ подполковник, – ҷавоб дод Сафар.
– Аз куҷои Тоҷикистон? – пурсид ба забони тоҷикӣ подполковник, – мумкин аст ҳамшаҳрӣ бошем.
– Аз Ҳисор, – ҷавоб дод Сафар аз дидани фармондеҳи баландрутбаи тоҷик шод гашта.
– Ҳисорӣ? – ҳайратомез савол дод подполковник.
– Ҳа, аз деҳаи Ҷӯйбори Ҳисорак.
– Ман аз Қабодиён, номатон чӣ?
– Сафар Одинаев.
– Сафар Одинаев? – Саросема пурсид подполковник монанди шахсе, ки солҳои сол кадом як шахси наздики худро гум карда, билохира баногоҳ ёфта бошад.
– Ин кордро аз куҷо ёфтед?
– Ин корди ҳамдеҳаи мо Юнусбобо ном як кас буд.
– Вай инро аз куҷо гирифтааст?
– Фармондеҳе, ки номаш дар дастаи корд навишта шудааст, ба ӯ барои ёдоварӣ додааст.
Подполковник аз ҷавобҳои Сафар ба шавқ омада ӯро ба сӯи тӯпи вайронае, ки дар се-чор қадам дуртар милаш ба замин хӯрда хоб мекард, бурд ва ҳарду ҳамроҳ ба болои тӯп нишастанду ӯ боз ба саволу ҷавоб сар кард. Сафар ҳам ҳамаи саргузашти худро гуфта дод.
– Истед... истед... Номатон Сафар Одинаев гуфтед?
Фармондеҳи рус ёрӣ расонд гуфтед? – боз пурсид подполковник.
– Ҳа, ин дар солҳои босмачигарӣ буд, ҳамин фармондеҳи номаш дар ин корд навишташуда маро ба ятимхона супурдааст.
Подполковник бо завқ дасташро ба китфи Сафар заду бо чеҳраи пур аз мамнунӣ худ аз худ «ёфтам» гӯён аз ҷояш бархост ва аз оринҷи Сафар дошта, ӯро ба тарафи худ кашида гуфт:
– Мехоҳед ҳозир ҳамон командирро ба шумо нишон диҳам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо