Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ранги рухсори духтарча аз он рӯзҳое, ки нав аз деҳаи Ерзовка оварда шуда буд, хеле фарқ мекард. Ба лабу рухсораҳояш хун давида, чашмакони дар аввал бемадораш нигоҳҳои дилчаспу шӯх доштанд. Ҳамшираҳои беҳдории дивизияи Сафар аллакай ба ӯ аз куҷое куртачаю ҷомача ёфта оварда, ба пояш аз болопӯши кӯҳна пимача дӯхта пӯшонда буданд. Аз зери рӯймоли хокии пашмини вай мӯи зардчааш дар офтоби феврал тилловор медурахшид. Боди сабук, ки аз шимол мевазид, галстуки сурхи аз болои ҷомача ба гардани ӯ басташударо ҷилва медод...
Баъд аз иҷозат додани сардори бемористон кадом як беҳдордухтар таклиф кард, ки аввал танҳо худи духтаракро ба назди Осмухин бояд даровард, то бинем ки оё падараш ӯро ва ӯ падарашро мешинохта бошад?
Дигарон ҳам ба ин таклиф ҳамроҳ шуданд ва ҳамон беҳдордухтарак як худи духтарчаро бардошта ба палата бурд. Сафар ва Коробко ҳам аз қафои ӯ рафта, ба даромадгоҳи як хаймаи брезентӣ расида буданд, ки беҳдордухтар ба Сафар ва шарикони вай рӯ гардонд:
– Шумо дар ҳамин ҷо камтар сабр кунед, – гуфт ва худаш ба даруни хайма, ки чор атрофаш қариб ним метр ба замин гӯр карда шуда, аз миёнҷояш дудбаро намуда меистод, даромада рафт.
Дар даруни хайма, дар шаш кати аз ду тараф сетоӣ гузошташуда одамони дасташон, пояшон, синаашон, гарданашон, сарашон докапеч хоб мекарданд. Баъзеи онҳо бо ҳамдигар гуфтугӯй карда, баъзеашон китобу рӯзнома хонда менишастанд. Фақат як каси дар кати пешгоҳ рӯ боло хобида, ки сару гарданаш докапеч буд, хомӯшона кадом як маҷалларо мехонд. Ин капитан Осмухин буд.
Ҳамин ки санитарка духтарчаро ба дарун даровард, ӯро аз дасташ ба замин гузошту гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо