Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Кадоми инҳо падари ту, духтарча?
Ҳамаи захмдорон сар бардошта ба сӯи духтарак нигоҳ карданд. Духтарак ҳам онҳоро як-як аз чашм мегузаронд. Ҳамин ки вай пештар рафта, рӯяшро ба ҳамон бемори маҷаллахон гардонд, вай аз ҷояш ҷаҳида бархосту бо овози фавқулода баланди пурҳаяҷон фарёд зад:
– Нинаҷонам!..Духтаракам!..Тиллояки ман...
– Дада! – гӯён духтарча ҳам ба сӯи ӯ давида, худро ба оғӯши вай партофт.
Осмухин чашмонаш пур аз ашк ӯро мебӯсид, ба сари синааш зер мекард, рӯяшро ба рӯи вай мемолиду мемолид. Аз ин вохӯрии ногаҳонӣ ҳамаи захмдорони дар палата буда ҳам ба ҳаяҷон омада, чашм аз падару духтар намеканданд. Духтари беҳдор бошад, беист оби дида мерехт. Баъд аз якчанд дақиқа бӯсобӯсӣ ва оғӯшкашӣ, Осмухин аз духтарчааш пурсид:
– Ту ба ин ҷо чӣ хел омадӣ?
– Амаки Сафар овард, – ҷавоб дод Нина.
– Амаки Сафар? – пурсид бо тааҷҷуб Осмухин.
– Ҳа, амаки Сафар...
– Канӣ вай?
– Ӯро мана ин холаам ба ин ҷо даромадан намонд...
– ба падараш шикоятомез лабҳои тунукашро барҷаста карда гуфт Нина.
– Магар ӯ дар ин ҷост? – аз беҳдордухтар пурсид Осмухин.
Беҳдордухтар аз хабаркашии духтарча завқида, сабаби дар берун мондани Сафарро гуфту баъд ба дари хайма рафта, онҳоро ҳам ба даромадан таклиф кард.
Осмухин чӣ тавре ки духтари худро пешвоз гирифта бошад, Сафарро ҳамон гуна бо меҳру муҳаббати самимӣ истиқбол карда, гаштаю баргашта ӯро мебӯсид, ба оғӯш мекашиду баъд дар охир ду дасти ӯро дошта, бо изтироб нафас гирифта, аз самими қалб изҳор мекард:
– Офарин, Сафар!.. Ташаккур, бародари азизам!..
ҳазорон ташаккур!.. Ман бовар мекардам, ки ҳамин тавр мешавад...

пешина
аз 333
навбатӣ