Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Боз як бор миннатдории калон!
– Ҳеҷ гап не, рафиқ капитан... ҳеҷ гап не... – ҷавоб дод Сафар ҳам ҳаяҷони худро фурӯ нишонда натавониста. – Ҳа, воқеан бубахшед... Шуморо бо рутбаю вазифаи нав табрик мегӯям.
– Саломат бош, – ҷавоб дод Осмухин ва чашмаш ба сари синаи Сафар афтоду бари хилъати сафедро ба як сӯ кушода ӯ ҳам бо хушҳолӣ Сафарро табрик кард. – Ба ту ҳам ин орденҳо, сержанти калон муборак бод, азизам!
Сафар ҳам миннатдорӣ изҳор карду баъд бо хоҳиши Осмухин ҳамаи саргузаштҳои худро ҳикоя карда дод.
Осмухин боз гаштаю баргашта ба ӯ ташаккур хонда, сонӣ бо духтараш саволу ҷавоб кард:
– Ту ҳоло пешоҳанг ҳам шудӣ?
– Ҳа, ин галстукро амаки Сафар дод, – ҷавоб гардонд духтарча.
– Оре, Нина акнун узви дастаи пешоҳангони мактаби деҳаи мост, – гуфт Сафар ва таърихи аз куҷо гирифтани ин галстукро нақл кард. Ин ҳамон галстуки пешоҳангӣ буд, ки дар аснои аз деҳа ба аскарӣ гусел карда истодан, сарпешоҳанги мактаби Ҷӯйбор ҳамчун хотира ба гардани Сафар баста буд...
Дар мобайни гуфтугӯи Сафару Осмухин Нина модарашро пурсид:
– Модарам куҷост?
– Модарат? – симои Осмухинро пардаи андӯҳ фаро гирифт... Вай гулӯи чизе фишурдаи худро бо оби даҳонаш базӯр тар карду дақиқае гап назада монд. Модари Нина пеш аз ба Сталинград расидани Осмухин, рӯзҳои дар корхонаи тракторсозӣ кор кардан аз ҳамлаии ҳавоии немисҳо ҳалок шуда буд.
– Ҳа, модарам, – гуфт боз Нина ва бо кунҷковии кӯдакона илова кард, – эҳтимол вай моро хеле пазмон шуда гиря кардагист...
– Не, модарат қаҳрамон... Вай гиря намекунад... – ҷавоб дод Осмухин бо парешонҳолӣ.
– Ту бошӣ, қаҳрамон набудаӣ, – боз гап зад Нина.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо