Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Гарчанд, ки пас аз бенатиҷа баргаштани хостгорон Мамараҷаб аз ин нияти худ даст шуста буд, акнун, баъд аз бо чормағзҳои пуч домони ӯро пур кардани Мирбадал, дар кошонаи дилаш боз як оташак даргирифта, тамоми ҳастии ӯро оҳиста-оҳиста ба сӯзиш меовард...
Онҳо гапзанон ба пеши теппа омада монданд. Роҳ дар ҳамин ҷо ба охир расида, он тарафаш пайраҳаи борик торафт ба баландӣ морпеч шуда мебаромад.Мирбадал аз ҳамин ҷо баргашта ба Мамараҷаб гуфт:
– Хӯш, торикӣ ҳам фуромад, акнун баргардем ҳам мешавад.
– Хӯш, акнун ба чӣ қарор омадем? – пурсид Мамараҷаб баъд аз якчанд қадам хомӯшона роҳ рафтан.
– Ҳар он чӣ, ки ман гуфтан мехостам, гуфтам, ин тарафаш ба худатон вобаста.
– Чӣ кунам?
– Чӣ мекардед. Аввал, ки ин гапҳо дар байни худамон монад, дуюм ин, ки пагоҳ ё рӯзи дигар илоҷи повискаро ҳам мекунед. Баъд, оҳиста-оҳиста аз қафои дигар чораҳо мешавем.
– Худам боз як бор гап занам?
– Ба кӣ?
– Ҳамин оим катӣ.
– Ҳоло сабр кунед, ду-се рӯз оташи дилаш хомӯш шавад, баъд. Набошад сирро бой дода мемонем, ҷиян.
Мамараҷаб чизе нагуфт. Лекин вай бо ин сухан бетоқатии худро дар пеши Мирбадал ошкор сохт. Мирбадал ҳам ҷилави ӯро ба даст гирифта, акнун ба ихтиёри худ ба ҳар сӯ мегардонд...
Онҳо ба даромади деҳа омада якбора хомӯш монданд ва аз мобайн дере нагузашта сиёҳии ҳар дуяшон ҳам дар торикӣ нопадид гашт. Аз паси онҳо аз ҳар ҷо – ҳар ҷо аккосзании сагҳо баланд шуда, хомӯширо вайрон мекард...
-
-
- Мирбадал кӣ буд?
-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё