Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чаро ин хел донам – надонам гап мезанӣ, оча, – ба модараш эътироз баён кард Сафар. – Раваду дар ҳақиқат касал бошад.
Зебӣ пеши мунозираро гирифтанӣ шуда гуфт:
– Касали бапо, ҷогаҳӣ не, худатон медонед-ку, муаллим.
Баъд аз ин гапи Зебӣ Умрихола, Юнусбобо ва Сафар фурсате ба чӣ хаёле рафта, хомӯш монданд. Ба дили Сафар оташ афтодагӣ барин шуд. Ӯ боз ба сад гумонҳо рафта, чӣ гуфтанро надонист. Юнусбобо пай бурд, ки ин гап баногоҳ ба миёни чақ – чақ лағад зада, сӯҳбатро хунук кард. Бинобар ин роҳи аз ин вазъият баромаданро ҷуста, ба пиёлаи холии дар дасташ буда чой рехту ба Сафар дароз кард ва гуфт:
– Хайр, бало ба сари худаш. Биёед, гапи худамонро занем.
Сафар хомӯш пиёларо аз дасти Бобо гирифту ба лабаш бурда аз чой як қулт нӯшид. Юнусбобо боз Сафарро ба гап андохт.
– Кай рафтанатон маълум ҳаст ё не?
– Ҳеҷ кас намедонад.
– Гитлери ҳаромӣ ҳам дар наздики Маскав хуб шатта хӯрдаст-а, писар?
– Ҳа, худаш ҳам то ҳоло дар ҳеҷ ҷо ин хел шатта нахӯрда буд.
– Иншооллоҳ ана – мана нагуфта, роҳи омадаашро гум карда, ба қирон гирифтор мешавад, ноинсоф.
– Канӣ акнун моро ҳам зудтар мефиристоданд, – гӯён Сафар ба модараш нигоҳ карда монд.
– Чӣ, дар он ҷо ягон чизи ноёб будаст, ки оё наравӣ хушк мемонӣ? – пурсид модар.
– Аҷаб ба гап лочинпарвоз-дия шумо, хоҳар! – гуфт Юнусбобо кинояомез. – Ин чӣ хел мешавад, ки ба аскарӣ рафтам гуфта боз аз нисфи роҳ гашта ояд?!
– Аз дасти ин чӣ ҳам меояд мегӯед, додар? – боз писари худро ноӯҳдабаро шуморида гуфт Умрихола.
– Муаллимро ин қадар паст назанед, оча, – гуфт Зебӣ тарафи Сафарро гирифта.
Сафар аз гапҳои модараш табассумкунон менишасту ба баҳсу мунозира шарик шуданро лозим ҳам намешуморид.

пешина
аз 333
навбатӣ