Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар пешгоҳи хона, дар болои кӯрпачаи нимдошти адрас шахсе сарашро бо рӯймол баста хоб мекард. Ранги рӯи ӯ аз ранги зардчатоби чароғ чандон фарқ намекард, ба ришу мӯйлабаш як ҳафта инҷониб поку норасида буд.
Чашмони нимпӯши вай ҳар замон базӯр гоҳ ба шифт, гоҳ ба девор дӯхта мешуданд. Баъзан ӯ аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гашта, нолише мекард.
Ин Мамараҷаб буд.
Дар паҳлӯи вай, рӯ ба сӯи Мамараҷаб нигаронда, Мирбадал менишаст, ки ӯ аз кирдори худ сад пушаймонӣ дошт.
– Заб одами ба дард сабук будаед-дия, ҷиянам, – гуфт Мирбадал аз бетоқатии Мамараҷаб дилгир шуда,
– боз як рӯз тоқат кунед, ҳамааш гузашта меравад.
Мамараҷаб ҳар як ҳиҷои суханашро канда – канда бедармон ҷавоб дод:
– Як дарди шумо додагӣ мебуд, гап дигар буд.
– Хӯш, боз чӣ дарди дигар доред?
– Коре шуд, ки аз ин монда, аз вай ронда шудам...
– Ҳоло ҳеҷ чиз нашудааст, – ба тасаллодиҳӣ сар карда гуфт Мирбадал, – агар гап дар болои ҳамон муаллимаи сатанги беқайд бошад, кирои ба хотир овардан ҳам намекунад, дар дунё чӣ бисёр – духтари модараш набӯсида...
– Ба ин повестка чӣ мегӯед? – Мамараҷаб даъватномаи Комиссариати ҳарбии ноҳияро, ки дар қабати кӯрпача буд, нишон дод.
– Ба ин бошад, ранг бину ҳол пурс. Дар ҳамон военкомат нишастагон ҳам ба афтатон як нигоҳ карда, ҳамон замон аз баҳри шумо барин ҷанговар мегузаранд.
– Ба болои ин дар бораи Москва ҳам авлиёгии шумо дуруст набаромад.
Ин гапи Мамараҷаб аҳволи рӯҳияи Мирбадалро якбора тағйир дода, ӯро ранҷондагӣ барин намуд. Вай дастонашро ба ҳам молиш дода, ба афти Мамараҷаб бо хашм нигоҳ мекард. Вай то ин дам кӯшиш мекард, ки ҳар гап шавад ҳам, дар бораи беҳуда баромадани орзую умедҳои оид ба зуд аз даст рафтани Москва аз касе гапе нашунавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё