Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– бо оҳанги кинояомез пурсид Мирбадал.
– Боз аз афти худам ягон кас натарсад мегӯям, – ҷавоб дод Мамараҷаб бо ангуштонаш ришу мӯйлаби расидаашро молида.
Мирбадал чароғ дар даст аз хона баромад. Дар хонаи торик танҳо Мамараҷаб монд, ки ӯро кадом як «доруи» се-чор рӯз пеш аз ин бо дасти амаки «ғамхораш» пешкаш кардашуда ба ин ҳол гирифтор карда буд.
Азму ихтиёри Мамараҷаб, ки акнун дар дасти Мирбадал буд, торафт суст мешуд. Мамараҷаб ба он одат карда буд, ки дар ҳаёт аввал фақат худашро пеш гузорад. Дар оқибати ҳамин гуна фикру мулоҳизаҳо Мамараҷаб ба муҳаббат танҳо аз нуқтаи назари ҳирси ҳайвонӣ нигоҳ мекард... Ҳамаи инҳо Мамараҷабро дар дасти Мирбадал зоча карда буданд. Мирбадал ҳам кинаю адовати дар кунҷи дилаш боқимондаро, каме бошад ҳам, ба амал бароварданӣ шуда, ҷияни худро дар ин роҳ «қурбон» мекард. Мехост, ки аз қафои девор истода таъсири кирдорҳои худро тамошо карда хандад, буғзи ғубори дилашро барорад.Вай барои ин ҳатто духтари понздаҳсолаи худ Барноро, ки дар синфи панҷуми мактаби деҳа мехонд «қурбон» кардан хост.
Баъди ба чароғ равған андохта баромадан вай мавқеи худро мустаҳкамтар карданӣ шуда, ба Мамараҷаби хаёлпарешон гуфт:
– Бед, аз ҳамин соат ҳамон Зебии якпула ҳаёю номус надоштаро аз дилатон бароварда партоед. Ман ба як маслиҳати дигар омадам: «Девор афтад ҳам, ба дарун афтад» гуфтаанд, ғам нахӯред, ба шумо духтари худамро тӯй карда медиҳам.
Мамараҷаб, ки дигар ба ҷавоби мусбати Зебӣ умед надошт, ин пешкашкунии Мирбадалро ба дилаш рӯшноӣ афтодагӣ барин, бо хушҳолӣ қабул кард. Вай гӯё шарм медошту сарашро поён фуроварда хомӯш менишаст.
– Аз пагоҳ ба мактаб ҳам намеравад, – гуфт Мирбадал.
– Монед, барои ҳамин ҳам боз ба ягон балои дигар намонем, – ҷавоб дод Мамараҷаб сарашро набардошта дилу бедилон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё