Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба гап боз Одил Саркор ҳамроҳ шуд.
– Худатон нимҷон мегӯеду боз худатон ба домодкунии нимҷон мешитобед-а?
Мирбадал аз гуфтаи худаш пушаймон шуда, дар ҷои нишастааш нотинҷ ҷунбида гирифт.
– Мамараҷаб! – хитоб кард ба вай Шодмонов, – нафасатро барор, ба ту чӣ шуд? На гап мезанӣ, на як йигит барин қомат рост карда нишаста метавонӣ. Чӣ, магар забонатро занбӯр газид?
– Дармонам нест, раис, – ҷавоб дод Мамараҷаб.
– Дарди ишкам хеле бедармон кард. – илова намуд Мирбадал пеши гапро гирифтанӣ шуда.
– Дигар касал-ку надорӣ? – пурсид Одил Саркор.
– Не, дигар чӣ касал медоштам? – ҷавоб дод Мамараҷаб.
– Дар хона хоб карда дар фикри зангирӣ шудан – қатӣ дарди шикам дуруст намешавад, – гуфт Шодмонов ба Мамараҷаб ва ба гап давом кард, – зангирӣ гурехта нарафтааст, аввал саломатиатро дуруст кун, ба военкомат рафта масъалаи ба хизмати аскарӣ рафтан – нарафтанатро ҳал карда биё. Охир, ту аз кадом бачамардони ба хизмати аскарӣ рафта камӣ дорӣ? Шунидӣ, Сафар чӣ хел аллакай то командирӣ расидааст?
– Шунидам.
– Ҳа, бале. Шунида бошӣ, магар аз вай қафо мондан барои ту айб нест? Ту ҳам хату савод дорӣ, ақлу идрокат дар ҷояш, ғайрат кунӣ, аз ӯҳдаи ҳар кор баромада метавонӣ. Агар ду даст ба киса андохта, аз ҳоло худатро аз байни мардум ба канор кашию аз пайи орзу – ҳавасҳои номаъқул шавӣ, он гоҳ, ҳеҷ кас ба ту «бале»
намегӯяд.
– Албатта, гапатон ҳақ, раис, – гӯён Мирбадал ба сухан ҳамроҳ шуд, – лекин Мамараҷаб аз хурдиаш ҳамин хел фақиракак калон шуд, Сафар барин мусофират ва ба ҳар тараф рафтуомадро надидааст.
– Чӣ, магар ҳоло ҳам кӯдак барин ба ёрии каси дигар мӯҳтоҷӣ дорад? – савол дод Одил Саркор.
– Ин қадар ҳам нею ҳарчи бошад ҳам, мисли дигарон худашро ба ҳар кор мезадагӣ не, раис, – ҷавоб дод Мирбадал.

пешина
аз 333
навбатӣ