Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Одил Саркор ба Мирбадал расонда гап зад:
– Агар ҳозира барин бо фикру мулоҳизаи худаш кор накарда, доимо дар паҳлӯяш ба ҷои вай мадҳиягӯи дигар мешуда бошад, албатта аз остонаи хона як қадам ҳам дур рафта наметавонад.
Боз нафаси Мирбадал ба дарун афтод. Мамараҷаб дигар ба таънаю кинояҳои Шодмонов, Одил Саркор ва ҷавобҳои номаъқули амакаш тоқат карда натавониста гуфт:
– Агар нотоб намешудам ман ҳам ҳеҷ гоҳ аз қатори Сафар намемондам, чӣ шуду нотобӣ ба миёни кор лағад зад, раис.
Шодмонов боз таъкид кард:
– Ҳеҷ кас нотобии туро таъна намезанад ва ҳеҷ кас туро «хонадор нашав» ҳам намегӯяд. Масъала дар болои ҳамин ки ҳар кор вақт дорад. Аввало мо ба амаки ту Мирбадал мегӯем, ки ба фарзанди худ пештара барин аз рӯи ҳукми шахсӣ нигоҳ накунанд. Он замонҳо кайҳо гузашта рафтанд. Монед, духтар хонад, як чизро мефаҳмидагӣ шавад.
– Ҳозир ҳам ман «нахонад» намегӯям, раис. Лекин, ба фикрам, ман ҳоло ҳаққи падарии худро гум накардаам, – гӯён Мирбадал пешхезӣ кард.
– Албатта, ҳеҷ кас инро инкор намекунад, – ҷавоб дод Одил Саркор, – аммо падар бояд падарӣ кунад, на ин ки қадимҳо барин «духтар – амонати кас, чӣ қадар ба соҳибаш зудтар супорем, ҳамон қадар хотирҷамъ мешавем» гӯяд.
– Наход ман ба фарзанди худам бадиро раво бинам, Саркор, – ҷавоб дод Мирбадал.
– Модоме ки ҳамин хел будааст, монед духтаратон дар ҷавониаш хонад. Вақташ ояд, худи мо дар тӯяш хизмат мекунем, – гуфт Шодмонов аз ҷояш хеста, сонӣ ба Мамараҷаб муроҷиат кард. – Додарам, худи ту ҳам дурусттар фикр кун, аз ин тараф хонадор шуда, аз ин тараф зани навро партофта ба хизмат рафтан чӣ маънӣ дорад? Албатта ба аскарӣ бо занат намеравӣ... Рав, худатро ду-се рӯз табобат кун, ба военкомат вохӯр, канӣ, чӣ мегӯяд.

пешина
аз 333
навбатӣ