Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Баъд аз сиҳат шудан, вай аз военкомат даъватномаи ба хизмати ҳарбӣ рафтанро ҳам гирифт.
– Акнун кори намешудагӣ шуд, – гуфт Мирбадал ба даъватномаи Мамараҷаб ало-ало чашм андохта, – гуфти худам, нешу касофати ин кор ғайр аз ҳамон Сафари худобехабар ва хушдораш Зебии нотавонбин, дигар кас не.
– Акнун ба тақдир тан медиҳем, дигар чӣ илоҷ? – ҷавоб гардонд Мамараҷаб бо як оҳанги маъюсона.
Мирбадал ин гапи Мамараҷабро хулосаи охирини ҳамаи корҳои шудагузашта шуморида, ба вай барои оянда дастуромез гап мезад:
– Ба тақдир-ку тан медиҳед, лекин вақту пайташ ояд, ба ҳамон Сафари худобехабар тан надиҳед.
– Чӣ хел мешавад? – гуфт Мамараҷаб, – вай аз ҳама пештар рафта аллакай командир ҳам шудааст-ку?
– Шумо ҳам ба ҳамон қисм меравед? – пурсид Мирбадал.
– Ҳа, худам ба ҳамон ҷо фиристоданро хоҳиш кардам.
– Майлаш, хуб кардед. Рафта бо вай дар як ҷо бошед, як кор карда худатонро нағз нишон диҳед, агар мабодо гапҳои гузашта саҳл – саҳл ба гӯши вай расида бошад, «ҷӯра, дар ҷавонӣ мешавад-дия, камтар беақлӣ кардам» гуфта, аз вай пештар гуноҳро ба гардан гиред, сонӣ худи вай ҳам «ҷӯйбории худамон» гуфта, хизмати шуморо хеле сабук карданаш мумкин. Баъзан пул – мул дода истед, хусусан дар мусофирӣ ин муллоҷиринг хеле кор медиҳад, ғайр аз модари кампир, дигар каси ёрирасон ҳам надорад, албатта аз пул мӯҳтоҷӣ мекашад. Лекин ҳаргиз сабаби панҷ-шаш рӯз касал шуда хоб кардани худро аз даҳон набароред, ки худатон ба сари худатон об мерезед, – ин суханҳои охирини Мирбадал ҳушу хаёли Мамараҷабро парешон кард ва ӯ фақат «нее, наход» гӯён дар тамоми аъзои баданаш ларзаи ногаҳониро ҳис намуд.
Онҳо аз комиссариати ҳарбии район ба сӯи Ҷӯйбор роҳ гирифтанд. Аз рӯи ҳисоби сол фасли зимистон дохил шуда бошад ҳам, ҳаво нарм, роҳи деҳа пурчанг буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё