Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Якта – нимта баргҳои рангашон заъфароншуда, ки дар ҳар ҷо – ҳар ҷои шохҳои дарахтон андармон буданд, аз боди хунуки саҳро ширт-ширт канда шуда, ба зери по меафтоданд.
Дар шохаҳои баланди сафедору бедҳо лонаҳои паррандаҳо, ки соҳибонашон кайҳо насли худро ба воя расонда, ба ҷойҳои гарм парвоз кардаанд, ба чашм намоён мешуданд.
Дар ду тарафи роҳ заминҳои як қисмашон нав шудгоркардашуда ва як қисмашон ҳанӯз аз ғӯзапоя тозанашуда паҳн гашта буданд.
Дар ҳар ҷо – ҳар ҷои заминҳои шудгоршуда зоғу заған бесаранҷом тӯда-тӯда менишастанду минқор ба хок зада, кирму ҳашарот меҷустанд. Ҳамин ки трактори заминрон ба сӯи ин зоғу зағанҳо наздик меомад, онҳо якбора хӯсида ба осмон паҳну парешон парвоз мекарданд.
Зану мардоне, ки дар мобайни ғӯзапояҳо қомат хам карда ғӯзапоя меканданд, аз дур ба чашми кас мисли гулҳои рангоранг намудор мешуданд. Оби зулоли кӯҳсорон, ки ҷӯйҳои дар ду канори роҳ дарозкашидаро пур карда ҷорӣ мешуд, дар баъзе ҷойҳо аз канор баромада, ба худ аз кӯча ва аз марзаҳои замин роҳи нав мекушод.
Баъди ба роҳи деҳа даромадан, аз рӯ ба рӯи хеле дур дарахти гунбазшакли ҳанӯз баргҳояш каб – кабуд намоён гашт.
Ин ду чанор дар миёнҷои деҳаи Ҷӯйбор қад кашида буд, ки ба ҳар каси ба ин сӯ пойниҳода нишонаи роҳнамо шуда хизмат мекард.
Мамараҷаб ва Мирбадал ба ҳамин чинор рӯ ба рӯ шуда буданд, ки аз дур ба чашми онҳо шахси аспсаворе намоён гардид. Мирбадал дасти чапашро ба пешонааш бурда, чашмонашро аз офтоби акнун ба ғарбхамида панаҳ карда, ба он сӯ назар афканд.
– Раис омада истодааст, – гуфт Мирбадал.
– Шодмонов-мӣ? – пурсид Мамараҷаб ҳам дасташро ба пешонааш соябон карда.

пешина
аз 333
навбатӣ