Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ду-се бор аз сангар ба сангар хазед, зуд шикаматон ҳам ҳамвор шуда мемонад.
Сафар, баъди ба тартиб даровардани сарулибоси ҷанговарони нави худ онҳоро ба аскархона бурда ҷойгир кард. Аз қадами аввал муомилаи расмӣ кардани Сафар Мамараҷабро ба фикру андешаҳои дур водор намуд, гумон мекард, ки Сафар барои рафторҳои нисбат ба Зебӣ кардаи ӯ, барои чораҳое, ки бо мақсади аз хизмати аскарӣ халосхӯрӣ карда буд, аз вай қасос гирифтанист.
Ба Мамараҷаб махсусан он чиз бегона менамуд, ки Сафар бо ӯ ба ҷои муомилаи мулоимона, акнун ба таври ҷиддӣ, бе хандаи беҳуда, кӯтоҳ – кӯтоҳ, бурро ва қатъӣ гап мезад. Вай аз тағйирёбии куллии хулқу атвори Сафар худ аз худ ба он хулосае меомад, ки маслиҳату роҳ нишон доданҳои охирини Мирбадал ҳам дар ин ҷо ба кор нахоҳад рафт. Дар баробари ҳамин, аскархона нишасту бархостҳое, ки қатъиян аз рӯи тартиби дохилӣ ба ҷо оварда мешуданд, интизоми сахт, таълиму машқҳое, ки рӯз то рӯз мушкилтар мешуданд, сахтию маҳрумиятҳое, ки минбаъд дар хизмати ҳарбӣ аз сар гузаронда мешуд, дар пеши назари Мамараҷаб қуллаи пойнорас барин намуда, ба дили ба сахтиҳо одатнокардаи ӯ воҳимаи нав меандохтанд.
Вақте ки Мамараҷаб бо ҳамин мулоҳизаҳо хаёлпарешон менишаст, ба болои сари ӯ Сафар омада ҳолпурсӣ кард:
– Чӣ шуд, ҳамқишлоқӣ, ин қадар хаёлпарешон нишастаӣ?
– Ҳеҷ, ҳамин тавр ба гап – гапи инҳо гӯш карда нишастаам, – гӯён Мамараҷаб ба ӯ аз паҳлӯяш ҷой нишон дод. Як гурӯҳ ҷанговарон, ки дар харакҳои гӯшаи ленинии казарма менишастанд, баробари дидани Сафар аз ҷо хестанд. Мамараҷаб ҳам дигаронро дида, сонӣ, аз ҳама охир аз ҷояш хест. Баъд аз ҷанговаронро ба нишастан таклиф кардан, худи Сафар ҳам аз паҳлӯи Мамараҷаб ҷой гирифта, ба ӯ, ки аз рафтори худ шарм медошт, бо табассум нигоҳ кард,
– Даррав Ҷӯйборро ёд кардагӣ барин менамоӣ-а?
– Ватан-дия, рафиқ, – Мамараҷаб ба замин нигоҳ карда ҷавоб дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё