Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ҳа, худи худаш. Биёед, боз бо вай рӯ ба рӯ нашавем, – гӯён Мирбадал ба тарафи рост ба пайраҳае, ки аз мобайни найзори сари роҳ гузашта мерафт, баргашт. Аз паси ӯ Мамараҷаб ҳам ба ҳамон сӯ рафт. Ҳар дуи онҳо мисли гурги аз таъқиб гурехта дар мобайни найзору заҳбурҳо ғоиб шуданд...
БОБИ ДАҲУМ
Аз аввалин бор рӯ ба рӯ шудан ба Сафар хаёлу нақшаҳои Мамараҷаб аз ёдаш набаромаданд. Рӯзе ки сарфармондеҳи рота мисли Мамараҷаб ҷанговарони нав омадаро ба ихтиёри сержант Сафар Одинаев супурд, Сафар аввало якчанд дақиқа бо онҳо пурсупос карду баъд ҳамаашонро саф ороста, талабу қоидаҳои ибтидоии хизмати ҳарбиро нақл кард ва сонӣ як-як либоспӯшии онҳоро санҷида, ба назди Мамараҷаб омад. Вай тасмабандӣ, тугмагузаронӣ, пайтобапечонӣ, телпакпӯшии ӯро аз назар гузаронда гуфт:
– Бо ин намуд, рафиқ Мамараҷаб, шуморо ҳеҷ кас аскари сурх намегӯяд. Ин чӣ, ба холигии тасмаатон боз як миёни одам меғунҷад, шамол бошад, бемалол аз остинатон даромада аз гиребонатон баромада меравад?!
– Одами навкор, ҷӯра, – ҷавоб дод сурху сафед шуда Мамараҷаб, – айб намекунед.
– Ҷӯрагии мову шумо талабҳои низомномаро дигар карда наметавонад, – таъкидомез гап зад Сафар ҷиддияти худро тағйир надода.
– Инашро намефаҳмидам, – гуфт Мамараҷаб тасмаашро тарангтар баста.
– Акнун бояд фаҳмед, – гӯён Сафар ба назди ҷавонмарди нисбат ба дигарон фарбеҳтари кулӯла омад, – шумо ҳам тасмаро тарангтар бандед, пайтобаро саҳл аз болотар печонед.
– Аз ҳаминаш ҳам шикам дард карда истодааст, рафиқ командир, – гуфт ҷавонмарди кулӯла вазнинвазнин нафас кашида.
– Зарар надорад, оҳиста-оҳиста дардаш барҳам мехӯрад, – ҷавоб дод Сафар худаш тасмаи ӯро боз як сӯрох тарангтар баста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё