Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва чашм пӯшида, зӯре ба кор бурда, манзараи мудҳишро аз хаёлаш дуртар биронд.
Бори дигар аз ҳалқаи тасма дошта кашид ва бовар кард, ки кӯлбор дар зери анбӯҳи санг банд шудааст. Ба ту чӣ шуд, Саидбек, гуфт ӯ ба худ. Барои фаҳмидани он ки кӯлборро бидуни сангрези хатарнок раҳо кардан мумкин нест, барои ин ақлу фаросати фавқулодда лозим нест-ку. Соатҳост, ки ба дарди ҷароҳатҳо, ба гуруснагӣ, ташнагӣ, ба ҳамлаҳои хоб ва ғанаб, хулоса ба ин ҳоли мушкили тоқатфарсо тоб меоварӣ. Соатҳое ки монанди шабҳои ялдо тӯлонианд. Акнун чӣ лозим шитоб кардан?
Кӣ кафил мешавад, кӯлборро ҷунбонӣ сангҳо ва сангрезаҳо бо тартибу низоми дилхоҳи ту ана аз ин ҷо, аз паҳлӯи чапат ба оҳистагӣ гузашта мераванд? Кӣ зомин мешавад, ки ягон санги калоне ҳам ба ҷунбиш намеояд ва аз думболаш даҳҳо мукаабметр, ҳазорон тонна сангу хоку реги дигарро дар рӯи ин новаи сарнишеб ба ҳаракат намеорад?
Лаҳзае ба ӯ вонамуд, ки садои Райҳонакашро мешунавад.
«Сахт, са-ахт оғӯш кунам?» – мепурсад духтарчааш. «Ҳа, раъноякам, биё, оғӯш кун» мегӯяд ӯ дар ҷавоб ва аз куртаи духтарак, аз кокули ӯ ба машомаш бӯи дасти модараш мерасад. Бӯи махмуркунандаи дастони нарму муаттари Нигор.
Нигори ман, ёри вафодори ман, мадори ман, ҷони ширини мани зор...
Саидбек ҳис намуд, ки димоғаш хориш намуд, чашмонаш нам гирифтанд. Сулфа карда, ғалаёни ҳиссиёташро фурӯ нишонид. Сипас, шонаҳо, бозувонашро бо эҳтиёт ҳаракат дода, пайкарашро қадре болотар кашид, то ки шиддати рагу пайҳои пояш андаке бикоҳад. Лаҳзае ба хаёлаш чунин расид, ки садои сулфаи касеро шунидааст. Не, гуфт ӯ ба худ, ҳозирак худам сулфа кардам. Ба гӯшам нишастааст ё, эҳтимол, беихтиёр баландтар сулфида бошам.
Сулфа боз такрор шуд. Вай аз тарафи рост, аз болои теғаи дандонадори харсанги бузург меомад. Саидбек нафас ба дарун кашида, тамом ба гӯшу ҳуш мубаддал гардид.
– Сангинуф, наҷунбед. Наҷунбида хобед. Ман Нур... Ман омадам... Шофери шумо, – боз аз ҳамон сӯ шунида шуд ин овоз. Оре, ин овози Нур аст. Фақат аз чӣ сабабе «шумошумо» мегӯяд.

пешина
аз 248
навбатӣ